Акинак
Зоҳир
Акинак — (юн.-қад. ἀκινάκης) шамшери кӯтоҳи (40 – 60 см) дудамаи рости скифҳо, форсҳо ва суғдиёну бохтариҳо барои ҷанги тан ба тан, ки дар асрҳои 2 – 1 то м. маъмул буд. Акинак дудамаи нӯгтез буда, чун силоҳи шикофанда ба кор мерафт. Он аз даста, гулӯбанд ва теғ иборат буд. Аксари акинакҳои ҳангоми ҳафриёт пайдошуда гулӯбанди дилшакл ё ҳилолмонанд доштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.