Акобир Мирзораҳимов
Акобир Каримович Мирзораҳимов | |
Таърихи таваллуд | 3 апрел 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Акобир Каримович Мирзораҳимов (03.04.1963, н. Ваҳдат) — олим, доктори илмҳои биологӣ (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Акобир Каримович Мирзораҳимов соли 1985 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи биофизика ва физиологияи рустаниҳои АИ Тоҷикистон хондааст. Аз соли 1989 ба сифати ходими илмӣ, ходими калони илмии Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии ДМТ заҳмат кашида, солҳои 1994-2008 дотсенти кафедраи физиологияи рустаниҳо буд, чанд соли охир вазифаи муовини декани факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (2009-2015) иҷро кардааст. Аз апрели соли 2015 директори Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аз апрели 2016 директори Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳои охир дар кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тадриси илмҳои табиӣ машғул аст. Аз моҳи феврали соли 2019 то апрели соли 2019 профессори кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз моҳи апрели соли 2019 бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба илм таъйин гардида, то имрӯз фаъолияти меҳнатӣ карда истодааст.[1]. Бобати тавсифи муқоисавии РБФ-карбоксилаза дар шаклҳои аз ҷиҳати ҳосилнокӣ гуногуни рустании пахта, шаклҳои молекулавии гуногуни фермент, танзими фаъолнокии маҷмӯаҳои мултиферментии озоди сикли Калвин дар рустаниҳои дараҷаи олӣ таҳқиқот анҷом додааст. Шумораи таълифоташ аз ҳаштод мегузарад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Намунаҳои тестӣ аз ботаника, зоология, анатомия ва биологияи умумӣ (Дастур барои дохилшавандагони мактабҳои олии ҷумҳурӣ). – Д., 1996;
- Сравнительная характеристика РБФ – карбоксилазы различных по продуктивности форм хлопчатника. Мно-жественные молекулярные формы фермента. – Д., 1992;
- Регуляция активности свободных мультиферментных комплексов цикла Кальвина ӯ высших растений: Дисс.. доктора биолог. наук. – Д., 2011;
- Механизмы адабтации мультифер-ментных комплексов ӯ высших растений. LAMBERT, AcademucPublishind. – 2013 (соавтор);
- Асосҳои энзимология. – Д., 2013 (ҳаммуаллиф).[2]
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Акобир Каримович Мирзораҳимов. tgpu.tj. 4 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 348.
- Зодагони 3 апрел
- Зодагони соли 1963
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Докторони улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Биологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ