Акрам Акбаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Акрам Акбаров
Иттилооти асосӣ
Мамлакат

 Тоҷикистон

Санаи таваллуд

1948(1948)

Зодгоҳ

Истаравшан

Акрам Акбаров ( 1948, шаҳри Уротеппа) — меъмори тоҷик, номзади илми меъморӣ (1983), дотсент (1984), узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи шӯъбаи меъмории факултети бинокории Институти политехникии Тоҷикистон (1971).

Солҳои фаъолият[вироиш]

Ассистент (1971 – 1972) ва муаллими калони (1972 – 1985) кафедраи Меъморӣ, дотсенти кафедраи Лоиҳакшии меъморӣ ва графикӣ (1985 – 1991), мудири кафедраи Асосҳои лоиҳакашии меъморӣ ва графикии (1991 – 1997) ДТТ. Солҳои 1997 – 1999 ҳамчун сармеъмори Дафтари хадамоти СММ барои иҷрои «Лоиҳаи барқароркунӣ, таҷдид ва рушди Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Ғарм, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди зиёда аз 150 объект (мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо, кӯпрукҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ ва ғайра)-ро таҳия намудааст. Солҳои 2000 – 2003 ҷонишини сардор (сармуҳандис – меъмори калони Минтақаи гурӯҳи машваратии тарроҳон)-и Бонки Рушди Исломӣ оид ба «Лоиҳаи таҷдид ва бозсозии мактабҳои миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи ӯ дар ноҳияҳои Ҳисор, Бохтар, Файзобод, Данғара (2-то), Рӯдакӣ ва Темурмалик 7 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии замонавӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти техникӣ сохта ба исттифода дода шуданд. Солҳои 2003 –2010 директори Маркази такмили ихтисос ва хизматрасониҳои консталтингии (мушовиратӣ) ДТТ ва ҳамзамон солҳои 2005 – 2006 роҳбари Департаменти меъморӣ ва шаҳрсозии Комитети давлатии сохтмон ва меъмории ҶТ. Аз июли 2010 мудири кафедраи Меъморӣ ва дизайни ДТТ. Соли 1982 дар Донишгоҳи меъмории шаҳри Москва дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташкили тарҳрезию меъмории маҷмааҳои аграрию саноатии шаҳракҳо дар минтақаҳои кӯҳистон» (дар мисоли Тоҷикистон) дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 150 асару мақолаҳои илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, тарроҳӣ ва иморатсозии маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот, инчунин беш аз 60 лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии объекҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва муҳандисии инфрасохтори ҶТ. Дар конференсияю симпозиумҳои байналмилалӣ (Бишкеки Қирғизистон, 2002; Нанҷинги ҶХХ, 2008; Женева, 2009; Австрия, 2009; Германия, 2010; Қазоқистон, 2010; Россия, 2010) иштирок намуда, оид ба масъалаҳои инкишофи шаҳрсозӣ ва бунёди деҳот, инчунин доир ба такмилдиҳии объектҳои манзилию маъмурии минтақаҳои кӯҳистон маърӯзаҳо кардааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон (1992). «Меъмори сол» (2010). Узви Комитети манзил, экология ва захираҳои замини Комиссияи иқтисодии европавии СММ (аз соли 2009), узви таҳририяи маҷаллаи «Архитектура, строительство и дизайн» (аз соли 2010). Дорандаи медали тиллои ИМ Тоҷикистон. Узви ИМ СССР (1978) ва ИМ Тоҷикистон (1991).

Осор[вироиш]

Формирование поселков АПК в условиях горного региона, Д, 1988; Лоиҳаи биноҳои истиқоматии пастошёна барои иморатсозии ихчами деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон, Д., 1994; Градостоительные проблемы горных районов, дар китоби Национальная стратегия и план действий по устойчивому развитию горных территорий, Д., 2002; Особенности планировки и застройки сельского поселка а условиях Таджикистана, Д., 2005.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]