Файзобод
Шаҳрак | |
---|---|
Файзобод | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Файзобод |
Шаҳрак | Файзобод |
Координатаҳо | 38°33′00″ а. шим. 69°19′00″ т. ш.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 9 600 нафар |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонон - ҳанафӣ |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 |
Файзобод — шаҳрак (с. 2000), ҷамоати шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷуғрофиё ва аҳолӣ[вироиш]
Шаҳрак 50 км шарқтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Аҳолиаш 9 600 нафар (2016)[1], тоҷикон. Аз 1374 хоҷагӣ иборат аст.
Тақсимоти маъмурӣ[вироиш]
Ҷамоати шаҳрак аз маҳаллаҳои (кӯчаҳои) Исмоли Сомонӣ, Истиқлол, Гулистон, Мирзохӯҷа Шоев, Сино, Саидшоҳӣ, Розиқзода, Саид Гулон, Рӯдакӣ, Зебуниссо, Айнӣ, Саид Ҷалол, Қурбоналӣ Файзалиев, Чинаӣ, Ҷомӣ иборат мебошад.
Иқтисодиёт ва иҷтимоиёт[вироиш]
Дар ҳудуди ҷамоат Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, Идораи нақлиёт ва роҳ, шӯъбаи алоқа, ҶС «Тоҷиктелеком», стансияи телефон, Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилу коммуналӣ, хоҷагии об, 90 нуқтаи хизматрасонии маишӣ, универмаги «Файзобод», 10 чойхонаи ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ва № 35, муассисаи давлатии «Гимназияи Файзобод», қасри фарҳанг, кохи Рудакӣ, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, мактаби санъат, театри халқӣ, беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ, 9 дорухона, комитети ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 3 майдончаи волейбол, Шӯъбаи корҳои дохилӣ, Кумитаи амният, Суд, Прокуратура, Комиссариата ҳарбӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи амвол, ҷамъияти «Ронанда», Ҷамъияти мададгори мудофиа, шӯъбаи сохтмони коммуналӣ, комитети заминсозӣ ва геодезӣ, шӯъбаи кишоварзӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, шӯбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шӯъбаи интихоби касб, корхонаи бақайдгирии биноҳо, архив, почта, Комитети ҳолатҳои фавқулода, шӯъбаи суғурта, идораи барқ, идораи беҳдошти эпидемиологӣ, идораи байторӣ, филиали «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Аврангзеб», «Ҳақиқ», «Бонки саноатӣ», «Зар», ЭСХАТО, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҳаракати вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Созмони Ҷавонон, Шӯрои ветеранҳои ҶБВ, шӯрои ҷанговарони интернатсионалист, ҷамъияти маъюбон, созмони «Бунёди хазинаи Оғохон», нашрияҳои «Набзи Файзобод» ва «Парвин» фаъолият доранд.
Кишоварзӣ[вироиш]
Дар ихтиёри сокинони ҷамоат 620 cap гов, 300 cap гӯсфанд, 770 cap буз, 12 cap асп, 1146 cap мурғ, 300 оилаи занбӯри асал мавчуд аст.
Маориф[вироиш]
Дар мактабҳои шаҳрак ба 2172 нафар хонанда 120 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Тиб[вироиш]
Дар муассисаҳои тиббӣ ба сокинони шаҳрак ва ноҳия 27 нафар духтур ва 71 нафар кормандони миёнаи тиббӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Фарҳанг[вироиш]
Дар китобхонаҳои шаҳрак 82000 нусха китоб нигохдорӣ мешавад.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4