Jump to content

Аксбардории гравиметрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аксбардории гравиметрӣ — маҷмӯи ченкунии бузургиҳое, ки майдони ҷозиба (гравитатсионӣ)-и ягон маҳалро тавсиф медиҳанд. Аксбардории гравиметрӣ бо мақсадҳои геологӣ асосан бо ёрии гравиметр, баъзан бо вариометр ва градиентометр сурат мегирад. Аз рӯи таъйинот аксбардории гравиметриро ба минтақавӣ (барои омӯзиши шакли Замин ва таҳқиқоти геологии митақавӣ истифода мешавад) ва ҷузъӣ (барои омӯзиши аномалияҳои начандон калон, ки сохторҳои геологии алоҳида ва ҷисми маъдан ба вуҷуд овардаанд) ҷудо мекунанд. Аз рӯи усули гузарондан аксбардории гравиметрӣ масоҳатӣ (нуқтаҳои мушоҳида дар масоҳат як хел ҷойгир мешаванд) ва соҳавӣ (сайрхатӣ, ки дар соҳа ва сайрхатҳои алоҳида ва дур воқеъгардида мегузаронанд) мешавад. Вобаста ба масъалаҳои геологии гузошташуда, шароитҳои гузарондани корҳои саҳроӣ ва усулҳои пешбинишудаи тафсир миқёси аксбардорӣ, зичӣ ва мавқеи мавзеи мушоҳида, муайян кардани хатоии аномалия ва ғайраро интихоб мекунанд. Барои таҳқиқоти геологию геофизикавии минтақавӣ аксбардории гравиметрӣ бо миқёси 1 : 200000 – 500000 дар ҳолати ±2мГал (1 мГал=10–5мс–2) будани хатоии миёнаи квадратӣ ба амал оварда мешавад. Ҳангоми ҷустуҷӯи газу нефт ва омӯзиши ҷойгиршавии ангишт миқёси аксбардорӣ 1 : 50000, саҳв ±0,2 мГал-ро ташкил медиҳад. Қисми муҳими аксбардории гравиметрӣ корҳои топографию геодезӣ мебошад. Дар натиҷаи он дар бораи баландӣ, арзу тӯли нуқтаҳои гравиметрӣ ва релйефи маҳал маълумот ба даст оварда мешаванд, ки барои ворид намудани ислоҳҳои мувофиқ ба шитоби қувваи вазнинии мушоҳидашаванда имкон медиҳанд. Дар асоси маълумоти аксбардории гравиметрӣ гравиметрия, тарҳҳо ва харитаҳое таҳия карда мешаванд, ки қисми аномалии майдони ҷозибаи Заминро инъикос мекунанд.