Jump to content

Актед

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Актед (ACTED) — агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд, ташкилоти ҷамъиятии ғайриҳукуматию ғайритиҷоратии Франсия. Дар Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолият дорад. Мақоми олии роҳбарикунандааш Маҷлиси умумии шӯрои директорон. Актед фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар самтҳои зерин ба роҳ мондааст: ҳифзи саломатӣ — ҳалли масоили оби ошомиданӣ, беҳдошти муҳити зист, барҳам додани вараҷа, фарогирии аҳолӣ бо ситодҳои ҳифзи саломатӣ; бахши иқтисодӣ — дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ба инкишофи хоҷагии қишлоқ ва беҳтар кардани вазъи соҳибкории хурд равонашуда; муҳоҷират — баланд бардоштани савияи ҳуқуқдониву вазифашиносии муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади беҳтар кардани будубоши онон; тайёрӣ ва омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ба воситаи гузарондани семинарҳо, машқҳои махсус, нашри варақаву китобчаҳои ихторӣ; фарҳанг ва рушд — фаъолиятро дар ин самт маркази фарҳангии актед — «Бактрия» анҷом медиҳад. Маблағгузорони асосии актед: Комиссияи аврупоӣ, Бонки Рушди Осиё, SIDA, UNICEF.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]