Jump to content

Бактрия (маркази фарҳангӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Бактрия» (аслаш Бохтар) — маркази фарҳангии Агентии Актед дар шаҳри Душанбе. Соли 2001 таъсис ёфтааст.

Самтҳои асосии фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • инкишоф ва тарғиби санъати муосир — доир намудани мастер-классҳо барои рассомону донишҷӯён ва баргузории нахустнамоиши асарҳои онҳо;
  • инкишофи нерӯи эҷодии ҳунармандон дар соҳаи индустрияи мусиқӣ-ташкилубаргузории мастер-классҳо ва фестивалҳо дар мавзӯи мусиқии классикӣ, анъанавӣ ва замонавӣ;
  • омӯзиш дар соҳаи санъати тасвирӣ — баргузор кардани семинарҳо (бо ширкати санъатшиносон ва мунаққидони хориҷӣ), ташкили лексияҳо бо маводди манзурӣ дар мавзӯи санъати муосир, сайқал додани маҳорати нигарондагии рассомони ҷавони тоҷик бо иштироки педагогҳои хориҷӣ;
  • инкишоф ва дастгирии индустрияи косибӣ — гузарондани (соле ду маротиба) ярмаркаи маҳсулоти косибони мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон бо ширкати худи ҳунармандон.

«Бактрия» китобхона ва маҷмӯи DVD-ҳои мавзӯӣ дорад, ҳар ҳафта беҳтарин филмҳои кинематографистони ҷаҳонро намоиш медиҳад. Нақши «Бактрия» дар ҳифзи осори таърихию фарҳангии Тоҷикистон бузург аст. Бо иштироки «Бактрия» пайкараи Буддо (дар ҳолати нирвана), нигораҳои рӯйидевории Суғди Қадим (дар Осорхонаи миллии осори атиқаи ш. Душанбе) тармим ва бахшҳои баъзе осорхонаҳои ҷумҳурӣ таҷдиду эҳё шудаанд. Ҳамчунин, дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ (дар ҳудуди Тоҷикистон) ширкат варзида, намоиши осори рассомон ва аксбардорони Шарқу Ғарб (ИМА, Аврупо, ИДМ)-ро дар арт-салони «Бактрия», толори осорхонаҳо ва фазои кушод ташкил мекунад. Намоиши аксҳои аз чархбол гирифтаи суратгири машҳури Фаронса Ян Артюс Бертон дар Боғи устод Рӯдакӣ (ш. Душанбе) аз ҷумлаи онҳост. Дар назди «Бактрия» курсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ амал мекунанд. «Бактрия» маркази муттаҳидкунандаи эҷодкорони тамоми намудҳои ҳунар аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]