Jump to content

Актинометрия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Актинометрия (аз актино… ва …метрия) — фасли метеорология, ки интиқол ва тағйири шуоъафканиҳои гуногунро дар атмосфера, гидросфера ва сатҳи Замин меомӯзад; ба маънои маҳдуд ктинометрия маҷмӯи усулҳои чен кардани радиатсияи Замин (дар метеорология) мебошад. Озон, буғҳои об ва сатҳи Замин радиатсияи Офтобро фурӯ бурда, атмосфераро гарм мекунанд. Аз тарафи дигар Замин чун қисми тафсида энергияи худро ба фазои атроф медиҳад. Дохил ва хориҷ шудани энергияи шуоафкании атмосферӣ боиси тағйири иқлим ва обу ҳаво мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии актинометрия тадқиқи радиатсияи мустақим, пароканда ва инъикосгаштаи Офтоб, радиатсияи дарозмавҷи сатҳи Замин ва атмосфера, тавозуни радиатсионии атмосфера, табдилоти энергияи шуоъ дар атмосфера, гидросфера ва сатҳи Замин аст. Тадқикоти илмии актинометрӣ аз садаи XVII оғоз гардида, охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX равнақ ёфт. Дар айёми мо истифодаи радифҳои маснӯи Замин доираи тадқиқоти актинометриро хеле васеъ кард. Дар Тоҷикистон аввалин мушоҳидаҳои актинометрӣ дар пойгоҳи метеорологии Деҳҳавз (1931) гузаронда шуданд. Инчунин тадқиқоти актинометрӣ дар пойгоҳҳои метеорологии Федченко (1943), Душанбе (1956), Қӯрғонтеппа (1964), Ҳарамкӯл (1966) ва ғайра гузаронда шуда буданд. Феълан актинометрия барои омӯзиши гармшавии Замин васеъ истифода мегардад.