Алан
«Алан» — ҷамъияти осетинҳо (аланҳо)-и муқими Тоҷикистон. Соли 1990 таъсис ёфтааст. Дар шаҳри Норак ва ноҳияи Вахш ташкилотҳои ибтидоӣ дорад. Соли 2006 бахши алоҳидаи душанбегии ҷамъияти «Алан» — «Алания» таъсис ёфт. Мақсади ҷамъияти «Алан»: эҳё ва нигаҳдошти фарҳанг, маросиму анъанот ва забони миллӣ, дастгирии ҳуқуқӣ ва маънавии аъзоён; таъмини гуногунфарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои миллӣ дар Тоҷикистон. Амали бародаршавӣ бо миллатҳои дигар рукни асосии анъаноти осетинҳо ва мақсади асосии «алан» аст. «алан» бо Осетия робита дорад ва аз он ҷо кумак мегирад. Чораҷӯиҳои «алан» бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Раиси «алан» Карсанов К. солҳои зиёд дар арсаи байналхалқӣ дар соҳаи варзиш (гӯштингир) шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алан // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.