Норак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Норак
38°23′18″ с. ш. 69°19′30″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
ноҳия Норак
Таърих ва ҷуғрофиё
Шаҳр аз 1960
Баландии марказ 885 м
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 28800[1] тан (2022)
Миллият тоҷикҳо
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3138
Нишонаи почта 735300

norak.tj
(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Норак дар харитаи
Норак
Норак
 Парвандаҳо дар Викианбор

Норакшаҳр дар ҷануби Тоҷикистон, шаҳри энергетикҳо, ки дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати Шӯравӣ солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари ҳамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1990 Совети Вазирони ИҶШС дар бораи сохтмони НБО-и Норак қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Тутқавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.

Шаҳр[вироиш | вироиши манбаъ]

16 декабри соли 1960 дар асоси Укази Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Норак дорои мақоми шаҳр гардид, ки соли 2000–ум тамоми мардуми Тоҷикистон, энергетикҳои шуҳратмандашон ин санаро тантанавор ҷашн гирифтанд. Шаҳри Норак дар соҳили рӯди Вахш ҷойгир буда масоҳаташ зиёда аз 324, 5 км мураббаъро ташкил медиҳад. Аз Норак то пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 64 км ва то маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар 130 км аст. Аз байни куҳҳое, ки Норакро дар оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Норак зеботарин ва баландтарин, ки баландиаш 1714 метр аст, мебошад. Умуман, шаҳри Норакро зиёда аз 40 миллати собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, сохтаанд ва имрӯз аксарияти ин миллатҳо дар шаҳр кор ва зидагӣ мекунанд. Аз ин хотир, ҳокимияти иҷроияи шаҳр ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардида ва хоҳони он аст, ки ваҳдату дӯстӣ хамеша пойдор бошад.

Сохтмони нерӯгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нерӯгоҳи барқии обии Норак

Дар шаҳри Норак шакли нави ҳамкории иқтисодӣ – «Эстафетаи коргарӣ», ки сохтмон ва шаҳрҳо ба ҳама чизи зарурӣ пурра ва сари вақт таъмин мекард, тавлид ёфт. Ба шарофати он агрегати аввалини НБО-и Норак пеш аз муҳлат 15 ноябри соли 1972 ба кор андохта шуд ва декабри соли 1978 агрегати охирини нерӯгоҳ барои истеҳсоли қувваи барқи арзон ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки НБО-и Норак аз аввали ба кор даромаданаш 292, 5 млрд киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Танҳо дар ҳашт моҳи соли 2004 – ум зиёда аз 9, 8 млрд киловатт соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд. Дар натиҷаи сохтмони НБО-и Норак обанбори Норак ба вуҷуд омад. Пур кардани обанбор соли 1972 сар шуд, ки масоҳати он 98 км мурабаъ ҳаҷмаш 10, 5 млрд. м3 чуқуриаш ба ҳисоби миёна 107 метр ва баландиаш 300 метр аст.

Аҳолӣ ва иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии шаҳри Норак дар соли 2019, тақрибан аз 30 900 нафар буд.[2]. Дар атрофи Норак сию як деҳа мавҷуд аст, ки дар ду ҷамоати деҳот мутаҳид шудааст.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
28,1 28,8

Дар шаҳр 8 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла НБО-и Нораку Бойғозӣ, заводи оҳану бетон, заводи таҷрибавии механикӣ, фабрикаи «Оли Сомон», заводи нон ва ғайраҳо фаъолият мекунанд.

Маориф ва фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Имрӯз дар шаҳр маткабҳои миёна, литсей, коллеҷяи омӯзгорӣ, мактабҳои мусиқию расомӣ ва се боғчаҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Беморхонаю дармонгоҳи замонави: ду нуқтаи тиббии деҳот, 9 дорухона дар хидмати мизоҷон қарор доранд. Шаҳрвандон имконият доранд фароғати худро дар варзишгоҳ (дорои 1500 ҷой), 5 толори варзиш, 2 ҳавзи оббозӣ, қасри маданият (дорои 700 ҷой), 6 клуб, китобхонаи марказӣ, ки бо ташаббуси маҷалаи «Дружба народов» соли 1974 ташкил ёфта, дорои 161, 5 ҳазор нусха китоб мебошад гузаронанд, 14 китобхонаи деҳот дар хидмати мардум аст. Автовакзали замонавӣ ва 2500 нуқтаи телефон низ дар хидмати аҳолист.

« Нораки ман нури шабҳои манӣ,
Гӯшаи сайру тамошои манӣ.
Ганҷи дунёро накардам орзу,
Нораки ман ганҷи дунёи манӣ.
»

Минтақаи сайёҳӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳри Норак дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳонӣ хориҷӣ мусоидат менамояд. Табиати хос, кӯлу чашмаҳо ва оби ошомидании табобатӣ аз мавзеъҳои истироҳатӣ ҷолиби диққат буда, мавқеи махсусро дар рушди сайёҳии кишвар ишғол намуда метавонад. Дар шаҳр се меҳмонхонаи хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дорои 205 ҷой буда, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Моҳе чор маротиба аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ба оромгоҳҳои бузургон, ки дар шаҳри Норак ҷойгиранд зиёда аз 300 нафар одамон барои зиёрат меоянд. Қисми зиёди меҳмонон аз нерӯгоҳҳои НБО–и Норак, Бойғозӣ, Обанбор дидан мекунанд. Барои ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва ба нақшагирӣ дар самти сайёҳӣ, дар шаҳри Норак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.

Дар мавзеи «Дараи Пехо» истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи «Офтобак» фаъолият мекунад, ки зиёда аз 450 нафар хонандагонро дар мавсими тобистон фаро мегарад. Барои шароити хуби алоқа фароҳам овардан ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шабакаҳои мобилии «Вавилон», «МЛТ», «Индиго», «ТК мобайл», «Билайн» ва «Тоҷиктелеком» фаъолият доранд. Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ китобчаҳои таърихӣ нашр мешаванд.

Дар шаҳр як варзишгоҳ дорои 1500 ҷойи нишаст, 15 майдони баскетбол, 26 майдони волейбол, 1 майдони тӯби дастӣ, 11 майдончаҳои футбол, 1 ҳавзи шиноварӣ, 7 толори варзишӣ мавҷуданд. Бо мақсади ба минтақаи сайёҳӣ-истироҳатӣ дохил намудани шаҳри Норак ба мақомотҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 21 августи соли 2009 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2009 муроҷиат намуда, барномаи мукаммали «Рушди туризми истироҳатӣ барои солҳои 2010–2014» пешниҳод намудааст.

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: