Jump to content

Алар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алар — диаминозид, C6H12N2O3, як навъ моддаи химиявӣ.

Барои танзими рушд ва беҳ гардондани гулшукуфти рустаниҳои ороишӣ, хушсифат намудани меваи дарахтони себу олуболу (ба 1 л об 2,5 – 5 г) пешбинӣ шудааст. Алар моддаи кристаллии сафед буда, дар об ва ҳалкунандаҳои органикӣ (ғайр аз карбогидридҳои алифатӣ) ҳал мешавад. Аларро ба тариқи хокаи намкаши 85-фоиза ё намак истеҳсол мекунанд. Барои занбӯри асал ва дигар ҳашароти фоиданок безарар аст.