Олуболу
| Олуболу | ||||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Зероила: Авлод: Зерсарда: Олуболу |
||||||||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||||||||
| Prunus subgen. Cerasus (Mill.) A.Gray, 1856 | ||||||||||||||||||
| Таксонҳои хоҳар | ||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||
Олуболу, олучабандак, олуча (лот. Prúnus cérasus) — дарахт ё буттаест аз настараниҳо; меваи маъмул.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, мудаввар, сершираи донакдор, таъмаш турш. Моҳи апрел мешукуфад; мевааш июл мепазад.
Олуболуи худрӯй маълум нест. Тахмин мекунанд, ки олуболуро аз соҳилҳои баҳри Сиёҳи Қафқоз ё Қрим ба Рум бурдаанд. Дар асри 1 милод аллакай дар аксар кишварҳои Аврупо парвариш мекарданд.
Дар Тоҷикистон бештар навъҳои самарқандӣ, пешпазак, Олуболуи сиёҳ, майдаяк ва ғайра маъмул шудааст.
Корбурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Олуболуро асосан барои омода кардани мураббо, консерв, кисел, май, шарбат, обмева ва барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Гули олуболу сершахд аст. Аз як гектар олуболузор занбӯри асал то 75 килограмм асали хушсифат тайёр мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Олуболу // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).