Албастӣ
Албастӣ — яке аз тимсолҳои асотирӣ, ки дар байни мардум дар шаклҳои «алмастӣ», «алвастӣ», «алборсӣ», «олмастӣ», «холмастӣ», «ҳайвастӣ», «мома» низ ба назар мерасад.
Асотир
[вироиш | вироиши манбаъ]Албастӣ дар байни ҳамзабонони эронии мо бо номҳои «бахтак», «девбахтак», «кобус», «модарол», «уммасибён», «духтари ибни малъун», «алихунагӣ», «алихул», «алидевона» машҳур аст. Дар баъзе гӯишҳои лаҳҷаҳои тоҷикӣ симиён, симиёнпарӣ, она симён низ гуфтаанд. Албастӣ як мавҷуди зиёнкоре аст, ки маъмулан ба сурати зане бо дасту пои лоғар ва чеҳраи сурхфом ва бинии сурх бар зани зоянда зоҳир мешавад. Дар баъзе минтақаҳои кишварҳои форсизабон албастиро мавҷуди хаёлии шабеҳи ҷин тасвир кардаанд, ки қиёфааш ба занҳо шабоҳат дорад бо бинии сурхранги калон ва пистонҳои хеле бузург, ки ҳеч вақт ба чашм дида намешавад. Албастиро «ол» низ мегӯянд. Кори «ол» ин аст, ки ҷигари зани тозазоро берун кашида дар сабаде пинҳон мекунад ва агар муваффақ шавад бо сабад аз об бигзарад, зани тозазо ҷон медиҳад. Мафҳуми «ол» ё «бахтак» дар боварҳои мардумӣ гоҳе «деви шаб» ҳам номида шудааст, ки ҳангоми хоб ба ҷустуҷӯи инсон меояд, рӯи синааш менишинад ва ӯро хафа мекунад ё ба шаҳвоният меандозад. Бахтакҳо ду навъанд: модина ва нарина, ки аввалӣ мардон ва дувумӣ занонро дар хоб дучори васваса мекунад. Дар Эрон ва Арманистон гӯё «ол» ё бахтаки дуҷинсӣ аст ва фарқе миёни нарина ва модинаи он дида намешавад. Вожаҳои дигаре монанди модарол, уммасибён ва духтари ибни малъун низ ҳастанд, ки бар ин мавҷуд нисбат дода шудаанд ва модинаи он дар назар дошта шудааст. Албастӣ ва ё Ол дар бовари мардум ба ҳар шакле, ҳатто ба сурати ҳайвон ҳам меоянд. Дар Ровари Кирмон ин мавҷуд «хафту» номида мешавад ва ақида доранд агар шахс ба мавқеъ бедор шавад ва бинии ӯро бигирад, метавонад ҳарчӣ хоста аз ӯ бихоҳад ва аз дасти ӯ раҳо шавад. Барои пешгирӣ аз хатари албастӣ ва тарсондани вай мардум панҷ ё се пиёзро ба сих кашида ё 12 фатилаи пахтагини як тарафаш сафед ва тарафи дигараш ба дег сиёҳ кардаро ба гӯшаи хона мегузоранд. Дар баъзе ҷойҳо барои тарсондани албастӣ туфанг ва ё шамшер мегузоранд. Тавре ки мардум мегӯянд, албастӣ ҳангоми таваллуди кӯдак пайдо мешавад, гоҳе ба кӯдак ва гоҳе ба модар, гоҳе ба зани ҳомилаи танҳо, наварӯсон, шахсони муҷаррад низ зарар мерасондааст. Аз сабаби он ки дар гузашта падару модар кӯдакони худро «албастӣ омад» гуфта метарсонданд, ин образ дар фолклори кӯдакон низ дучор мешавад.
Михаил Андреев дар асари худ «Таджики долины Хуф» (Сталинабад, 1953) дар бораи албастӣ иттилоъ дода мегӯяд, ки дар байни тоҷикони Хуф албастӣ душмани аслии таваллуди кӯдак ба ҳисоб мерафтааст. Имрӯзҳо низ дар байни мардуми тоҷик дар бораи албастӣ нақлҳое ҳастанд, ки дар фолклоршиносии тоҷик онро ҳамчун образи ҳикояҳои асотирӣ мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор додаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андреев М. С., Таджики долины Хуф (Верховья Аму-дарьи), выпуск 1, Сталинабад, 1953;
- Асатирян Г., Деви бахтак // Эроншиносӣ. 1378, №3;
- Муродов О., Дар пардаи сеҳр ва ҷоду, Д., 1990;
- Ёҳақӣ М., Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ, Т., 1386;
- Раҳмонӣ Р., Ҳикояҳои асотирӣ // Фолклор, забон, адабиёт, Д., 2004.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Албастӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.