Албуминҳо
Албуминҳо (аз лотинӣ albumen – сафедии тухм) — сафедаҳои табиӣ, ки дар бофтаҳои наботот ва ҳайвонот мавҷуданд. Дар об ва сулфити аммонийи 50-фоиза ҳал мешаванд; дар мавриди ҷӯшондани маҳлули обӣ сохтори албуминҳо тағйир меёбад. Албуминҳо аз аминокислотаҳо иборатанд; онҳо метавонанд бо карбогидратҳо, липидҳо ва дигар сафедаҳо пайваст гарданд. Миқдори албуминҳо дар таркиби меваҳо бо мурури пухта расидани онҳо афзуда, баъд кам мешавад (ба шароити обу ҳаво ва агротехникаи парвариш вобаста аст). Масалан, дар ғужми ангур 65% (35% глобулин) ва дар тухми он то 28% албуминҳо вуҷуд дорад. Сафедаи ҳалшавандаи шираи ангур аз ҷиҳати таркиб ба албуминҳо наздик аст. Албуминҳо дар майкашӣ аҳамияти калон доранд. Як қисми албуминҳо сафедаи ферментҳо мебошанд. Ҳангоми нигоҳ доштани шираи ангур албуминҳо қисман таҳшин мешаванд. Албуминҳо манбаи пептидҳо ва аминокислотаҳои май маҳсуб меёбанд. Албуминҳоро дар шакли кристаллӣ ҳосил кардан мумкин аст. Албуминҳои ҳайвонӣ дар сафедаи тухм, зардоби хун, шир мавҷуданд. Ба албуминҳои наботӣ ритсин, лейкозин, легумелин тааллуқ доранд. Албуминҳоро дар истеҳсолоти қаннодӣ, бофандагӣ, дорусозӣ ва тиб кор мефармоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.