Jump to content

Алвоҳи имодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Алвоҳи имодӣ» — асари Шаҳобуддини Суҳравардӣ роҷеъ ба фалсафа. Муаллиф ин асарашро ба султони замонаш Имодуддин бахшида, номи ӯро дар он зикр кардааст. «Алвоҳи Имодӣ» ба забони тоҷикӣ навишта шуда, аз муқаддима ва чаҳор лавҳ (фасл) иборат мебошад.

Шаҳобуддини Суҳравардӣ дар муқаддима баъди сабаби таълифи рисола масъалаи маърифати мабдаъро ба миён гузошта, дар лавҳи аввал роҷеъ ба ҷисм, хусусиятҳои он таваққуф кардааст. Дар лавҳи дуюм масъалаи нафс ва қувваҳои зоҳирию ботинии он, ҷисмониятулҳудус будани нафсро баррасӣ намудааст. Лавҳи сеюми «Алвоҳи Имодӣ» ба воҷибулвуҷуд бахшида шудааст. Дар ин лавҳ муаллиф дар бораи зоту сифот ва афъоли воҷибулвуҷуд баҳс ороста, барои исботи фикраш қоидаҳои бисёре овардааст. Лавҳи чаҳорум ба масъалаҳои қазову қадар оид буда, дар он масъалаҳои муҳими усули илми нафс аз назари ишроқия шарҳу баён ёфтаанд. Дар поёни асар Шиҳобуддини Суҳравардӣ «бузургони порсо»-ро муваҳҳид хонда, ба таъбири ирфонии достонҳои Фаридуну Заҳҳок ва Кайхусраву Афросиёб мепардозад ва вобаста ба ҳамин масъала аз «каёни хорра» нақл мекунад. «Алвоҳи Имодӣ» яке аз саҳифаҳои дурахшони осори Шаҳобуддини Суҳравардист, ки дар он достонҳои Эрони Бостон ва назари фалсафию ирфонии қадим оварда шудаанд.

  • Шаҳобуддин Яҳёи Суҳравардӣ. Маҷмӯаи осори форсии Шайхи Ишроқ, Т., 1359 ҳ. ш.