Алдан
Алдан — кӯҳсор дар Сибири Шарқӣ, дар қисми ҷанубии Республикаи Саха (Ёқутистон). Дар шимолтари қаторкӯҳи Становой, байни дарёҳои Олёкма ва Учур ҷойгир аст. Дар алдан паҳнкӯҳҳои баландиашон 800 – 1000 м бештаранд, ки дар байни онҳо қуллаҳо ва қаторкӯҳҳои хурд (Янги Ғарбӣ, Суннагин, Сутаму Ганам, Алдану Усур, Кет-Каи) ҳастанд ва то 1400 – 2306 м баландӣ доранд. Таркиби алдан асосан аз гнейс ва варақсангҳои кристаллӣ иборат аст. То баландии 1100 – 1300 м ҷангалзори дарахтони коҷ, бешаҳои санавбару шарбин ва болотар аз он бешаҳои тунуки шарбину абҳал, аз он ҳам болотар тундраи санглох вомехӯрад. Аз ҳудуди алдан роҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилии Амур - Ёқутистон мегузарад. Конҳои маъдани оҳан, ангишт, мис ва абрақ дорад. Алдан аз конҳои тило бой аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.