Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Александр Виноградов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Виноградов
Таърихи таваллуд 9 (21) августи 1895[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 ноябри 1975(1975-11-16)[1] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Заминшимӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия[d][1]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Владимир Вернадский
Шогирдон Dmitry Mineyev[d], Vadim Urusov[d], Liya Kogarko[d], Inessa Mineyeva[d], Igor Ryabchikov[d] ва Q84720052?
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алекса́ндр Па́влович Виногра́дов (9 [21] августи 1895[1], Петретсово[d], губернияи Ярославл[d]16 ноябри 1975[1], Маскав[2]) — зистшимидони рус, узви пайвастаи АИ ИҶШС (1953; узви вобаста аз 1943), ноиби президенти АИ ИҶШС (1967), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949, 1975).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Академияи тибби ҳарбӣ ва факултаи кимиёи Донишгоҳи Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст (1924). Шогирди Александр Виноградов И. Вернадский. Сарвари озмоишгоҳи масоили геокимиёвӣ (аз соли 1945) ва Институти геокимиё ва кимиёи таҳлилии ба номи Вернадскийи АИ ИҶШС (аз соли 1947), мудири кафедраи геокимиёи Донишгоҳи давлатии Маскав (аз соли 1953). Александр Виноградов тағйироти мавҷудотро вобаста ба таҳаввулот, хусусан дар ҷисми онҳо вуҷуд доштани унсурҳои нодир ва парокандаро омӯхт, мафҳуми мавзеъҳои биогеокимиёиро ба илм дохил кард, таркиби ҷинсҳои асосии Заминро муқаррар сохт, ба равияи нави илмӣ — геокимиёи изотопҳо асос гузошт, таркиби изотопии унсурҳои кимиёиро дар муайян кардани синни ҷинсҳои кӯҳӣ ва пайдоиши конҳо истифода бурд. Ӯ исбот намуд, ки оксигени фотосинтезӣ на аз гази карбонат, балки аз об ҳосил мешавад. Саҳми Александр Виноградов дар ривоҷи илмҳои заминшиносӣ, истифодаи энергияи атом дар рушди радиокимиё, кимиё ва технологияи моддаҳои тамйизӣ, унсурҳои нодир ва ғайра бузург аст. Дар бораи зистшимии уқёнуси Олам, пайдоиши маъдан дар қаъри Замин, геокимиёи Моҳ, Зуҳра ва Миррих ғояҳои ҷадидро ривоҷ дод.

Барандаи Мукофоти ба номи Александр Виноградов И. Ленин (1934), Мукофоти давлатии ИҶШС (се маротиба). Бо чандин ордену медал сарфароз гардидааст.