Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Александр Голованов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Голованов
Таърихи таваллуд 7 августи 1904(1904-08-07)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 сентябри 1975(1975-09-22) (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Навъи фаъолият ходими низомӣ, сиёсатмадор, сарбоз
Намуди қушун Soviet Air Forces[d]
Рутба chief marshal of the branch[d]
Ҷангҳо
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алекса́ндр Евге́невич Голова́нов (7 августи 1904, Нижний Новгород[1]22 сентябри 1975, Маскав) — фармондеҳи низомӣ, Сармаршали авиатсия (1944).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи мактаби лётчикии назди Институти марказии аэродинамикии ба номи профессор Н. Е. Жуковский (1932) ва Академияи Ситоди генералӣ (1950). Солҳои 1933-41 дар соҳаҳои флоти ҳавоии гражданӣ кор кард. Дар амалиёти ҳарбии Халхин-Гол (1939) ва ҷанги зидди Финляндия (1939-40) иштирок намуд. Аз феврали 1941 фармондеҳи полки авиатсияи дурпарвоз. Дар солҳои ҶБВ (1941-45) фармондеҳи дивизияи авиатсияи дурпарвоз (аз августи 1941), фармондеҳи авиатсияи дурпарвоз (аз феврали 1942), фармондеҳи Артиши 18-уми ҳавоӣ (аз декабри 1944) буд. Дар ҷанги Пруссияи Шарқӣ ва Берлин иштирок намудааст. Аз соли 1946 фармондеҳи авиатсияи дурпарвоз. Сентябри 1953 ба истеъфо баромад. Депутати Совети Олии ИҶШС (даъвати 2).

Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени Суворов (дараҷаи 1), ордени «Ситораи Сурх», 4 ордени хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1 2 Голованов Александр Евгеньевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.