Александр Пушкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Пушкин
русӣ: Александр Сергеевич Пушкин
Тахаллусҳо: Александр НКШП, Иван Петрович Белкин, Феофилакт Косичкин, P., Ст. Арз. (Старый Арзамасец) ва А. Б.
Таърихи таваллуд: 26 май (6 июн) 1799[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 январ (10 феврал) 1837[1] (37 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, насрнавис, намоишноманавис, мунтақиди адабӣ, тарҷумон, муаррих, румоннавис, либреттонавис, book collector, публисист, нависанда, нависандаи кӯдакон, dramaturge, мақоланавис, bretteur, муаллиф
Солҳои эҷод: 18141837
Жанр: наср, рӯзноманигории эътиқодӣ[d], criticism[d], румони таърихӣ[d], verse novel[d], robber novel[d], повест[d], афсона ва намоишнома[d]
Забони осор: русӣ[6]
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Алекса́ндр Серге́евич Пу́шкин (26 май () 1799, Маскав — 29 январ (10 феврал)-и 1837, Санкт-Петербург) — шоир, асосгузори адабиёти классикии рус. Аз оилаи дворянини миёнаҳол. Авлоди падарии ӯ аз боярҳои (ашрофон)и қадим буда, модараш набераи писари князи Ҳабашистон, ходими ҳарбии давраи ҳокимияти Пётр I Ганнибал Гиброхим (1697—1781).

Айёми ҷавонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин қувваозмоиҳои Пушкин дар шеър ба солҳои бачагии ӯ рост меоянд. Солҳои таҳсил дар литсеи Царское Село дар шоирӣ шӯхрат ёфт. Барои муҳассилини литсеи Царское Село, ки Пушкин соли 1811 ба он дохил шудааст, интишори ғояҳои озодихоҳй хос буд. Ба равнақи афкори инқилобӣ ва ватандӯстӣ Ҷанги ватании соли 1812 низ мусоидат кард ва дар нахустин шеърҳои Пушкин таъсири муфиде гузошт («Хотираҳо дар бораи Царское Село», (1814); «Шаҳрча», «Гул», (1815); «Хоб», «Орзу», «Ба дӯстом», (1816) ва диг.). Пушкин бо ҷамоаи адабии И. М. Карамзин ва сонитар бо П. Я. Чаадаев робита пайдо кард. Дар ашъори ин давра (18171820) тасвири зиндагии туфонии шоири ҷавон ва ҷомеаи Петербург мавқеи калон дорад. Руҳи озодидустӣ ва лиризми нарм, омезиши анъана ва навпардозиҳои далеронаи рамантикӣ ба ашъори Пушкин [«Ба Чаадаев», «Ба Жуковский», (1818); «Таҷаддуд», (1819) ҳусни нав бахшидааст.

Нашъунамои эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Евгений Онегин.Нашри соли 1833. Сардафтар

Пушкин дар ин солҳо ба достонсароӣ рӯ оварда, тадриҷан ба кашфиётҳои нодир расидааст, ки зимни таъсири сюжет ва мазмунҳои барои адабиёти рус нав дар сабки нотакроре сурат гирифтаанд. Аввалин достони шоир «Руслан ва Людмила» (1820) ифодаи андешаҳои лирикӣ дар сюжети шарқӣ, боигарии забони русӣ ва рӯҳи романтикии вай аст. Пушкин дар ин достон ба воситаи образҳои афсонавӣ рӯҳи замонро моҳирона ифода кардааст. Мавзуи Шарқ ва истифодаи мазмунҳои романтикии рӯзгори пурошуби мардуми ин кишварҳо дар эҷодиёти Пушкин бештар ҷой гирифта, пас аз сафари ӯ ба Кавказу Қрим заминаи ҳаётӣ пайдо мекунад. Сафари ӯ ба ҷануб (аз роҳи Киев ва Одесса гузашта, бо декабристон В. Ф. Раевский, П. И. Пестель, М. Ф. Орлов мулоқот кардааст) шавқи амалиёти озодандешӣ ва озодфикрии ӯро афзуда, ба силсилаи достонҳои ҷанубӣ, шеърҳои романтикии ӯ ибтидо гузоштанд (шеъри «Ханҷар», 1821; достонҳои «Бандии Кавказ», 1821; «Бародарони ғоратгар», 1828, «Фавораи Бохчасарой», 1823). Таълифи романи манзуми «Евгений Онегин» низ ҳамон ҷо шурӯъ шудааст. Сафари Кавказу Қрим ва таълифи силсилаи достонҳои ҷанубии Пушкин бо марҳилаи байронпарастӣ (1820—23) ва омузиши ӯ аз таҷрибаи романтизми инқилобии Европа мувофиқ меояд. Ин аст, ки дар достонҳо ва ашъори ин давра назари амиқи Пушкин ба фалсафаи озодӣ, ба исёни ишқ ва шахсияти озодипараст мушоҳида мешавад. Дар достони дигари Пушкин «Лулиҳо» (1824), ки онро қуллан олии кашфиётҳои романтикии Пушкин метавон намид, шахсият, ҷамъият ва иллатҳои он ба дараҷаи баланди тасвир расидаанд. Тадқиқи бадеии масъалаҳои инсон ва олами ҳастӣ, зиддиятҳои иҷтимоии давр ва табақаҳои гуногуни одамон дар олами феодалии крепостноӣ аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Пушкин қарор мегиранд.

Солҳои бадарға ба деҳаи Михайловское (1824) ва Болдино (1830) шоҳасарҳои Пушкин офарида мешаванд: силсилаи «Тақлиди Куръон» (1824), достони «Граф Нулин» (1824), бобҳои асосии «Евгений Онегин» (1824), шеъри «Ёд дорам он лаҳзаи марруб» (1824), силсилаи «Тирамохи Болдино» (1830). Пушкин дар ин давра ба шаклҳои нави эҷодиёти бадеӣ рӯ овардааст, ки намунаи барҷастаи он фоҷиаи «Борис Годунов» (1825) мебошад. Дар ин асар, на фақат баҳои шоир ба декабристон ва ақидаҳои онон, балки худи ҷараёни таърихӣ, қонуниятҳои объективии инкишофи ҷамъият, масъалаҳои иҷтимоию сиёсии давр инъикос ёфтааст. Шеърҳои «Пайрғамбар» (1826), «Нома ба Сибир» (1827) ва махсусан муроҷиат ба мавзӯъҳои таърихӣ — таърихи давраи Пётри I, романн нотамоми «Араби Петри Кабир», (1827); достони «Полтава», (1827) ва таърихи ҷанги Туркияву Эрон («Сафари Арзрум», (1828)) аз амиқтар рафтани назари иҷтимоии Пушкин гувоҳӣ медиҳанд. Ду-се соли аввали с-ҳои 30-ум Пушкин ба кори журналистӣ ва танқиди адабӣ ҳам рӯ овардааст. Тасвири таърих ва замони зиндагии Пушкин дар наср низ вусъат ёфтааст. Силсилаи «Ҳикояҳои Белкин», ки аз панҷ асари мустақил иборат аст, фоҷиаҳои хурди «Чавонмарди хасис», «Мотсарт ва Салери», «Меҳмони сангӣ», «Хурсандӣ дар вақти вабо», ки солҳои 30-ум офарида шудаанд, дар инкишофи реализми танқидии рус мавқеи калон доштанд. Рӯзгори табақаҳои гуногуни Русия ва махсусан одамани оддии он дар ин повесту фоҷиаҳо ва алалхусус дар солномаи «Таърихи деҳаи Горюхино» муҳташам таҳқиқ шудаанд. Назари фалсафӣ ба таърих ва таҷрибаи пешқадаму ибратбахши халқи Европа минбаъд боз ҳам амиқтар меравад (повестҳои «Дубровский», (1832); «Таърихи Пугачев», (1833); «Модаи қарамашшоқ», (1833); «Шабҳои Миср», (1835); «Духтари капитан», (1833—1836). Пушкин ба эҷодиёти шифохии халқ мароқи калон дашт. Бисёр асарҳои ӯ дар асоси қиссаву ривоятҳои халкӣ ва афсонаҳои дояааш офарида шудаанд («Қиссаи поп ва хидматгори ӯ Ландаҳур», «Афсонаи шоҳ Султон», «Киссаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон», «Қиссаи моҳигир ва моҳии тило»).

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]