Лев Николаевич Толстой

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Лев Николаевич Толстой
Лев Николаевич Толстой
Ilya Efimovich Repin (1844-1930) - Portrait of Leo Tolstoy (1887).jpg
Зодрӯз 28 август (9 сентябр) 1828
Зодгоҳ Ясная Поляна, губернияи Тула, Империяи Рус
Даргузашт 7 (20) ноябр 1910 (82 сола)
Вазифа нависанда

Лев Николаевич Толстой (1828 — 1910) яке аз нависандагони адабиёти русӣ буд.

Зиндагинома[вироиш]

Эчодиет[вироиш]

  • Анна Каренина

Зиндагинома[вироиш]

Толстой Л.Н. – нависандаи маъруфи рус, дар хонаводаи ашрофзода, дар деҳаи Ясная Поляна (губернияи Тула) ба дунё омадааст. Вазъи оилаи худро (Лев се бародару як хоҳар дошт) нависанда дар асараш «Бачагї. Наврасї. Ҷавонӣ” тасвир кардааст. Маълумоти ибтидоиро ў дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан ба Университети Қазон, ба факултаи фалсафа, дертар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешавад. Аммо ў донишгоҳро тарк мекунад. Дар шаҳри Севастополи Қафқоз хидмати ҳарбӣ кардааст. Дар он ҷо маҳорати эҷодии Толстон сайқал меёбад. Пас аз хидмат ба саёҳати Аврупо мебарояд. Ў дар якчанд мактабҳи ибтидоӣ бо усули худ ба мактаббачагон дарс додааст. Асарҳои бузургтарини Толстой “Ҷанг ва Сулҳ” ва “Анна Каренина” ба шумор мераванд. Баъдтар Толстой ба Маскав мекўчад ва системаи динӣ-фалсафии худро асос мегузорад. Ақидаҳои фалсафии ў оид ба муҳаббати ҳамагон, кўшишу такомули инсон дар мақолаҳо ва ҳикояҳояш дарҷ ёфтаанд. Дар асарҳои “Воскресение” ва “Сонатаи Кретсеров” ҳамин мазмун дида мешавад. Лев Толстой инсони воқеан хоксору самимӣ буд ва кўшиш мекарда, ки ба мардуми бенаво кўмак расонад, бо роҳҳои гуногун бар зидди беадолатиҳо мубориза барад. Дар охири умраш аз сарвату дорої даст мекашад ва пас бемории сармохўрӣ вафот мекунад. Асарҳои драмавии Толстой инҳоянд: “Хонаводаи заҳролуд” (1864), “Нигилист” (1866), “Ҳокимияти зулмот” (1886),“Коркардаи драмавии қиссаи Аггее” (1886), “Самараи маориф” (1890),“Дар торикӣ ҳам нур медурахшад” (1890-1900),“Пётр Хлебник” (1894),“Ҷасади зинда” (1900),“Ҳамаи хусусиятҳо аз ўст” (1910).

Николай Илич Толстой, падари нависанда. Солҳои 1820-ум. рассоми ношинос


Филателия - Тамбуршиносӣ[вироиш]