Алибеки Табрезӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | Табрез |
---|---|
Навъи фаъолият: | хаттот |
Алибеки Табрезӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттоти эронӣ (охири садаи XVI – аввали садаи XVII).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Табрез. Аз рӯйи маълумоти Қозӣ Аҳмад (1580) ӯ бо Алибеки Табрезӣ дар Табрез вохӯрда, дар рисолааш «Гулистони ҳунар» роҷеъ ба Алибеки Табрезӣ маълумот додааст. Лақабаш «Ҷамол-ул-мулк». Ҳунари хаттотиро аз устодаш Шамсуддини Табрезӣ омӯхта, дар навиштани анвои хат, бахусус дар хати сулс шуҳрат ёфтааст. Дарвозаву масҷидҳо ва дигар ҷузъҳои меъмории шаҳри Табрез бо хати Алибеки Табрезӣ оро ёфтаанд. Шогирдони Алибеки Табрезӣ Алии Табрезӣ, Абдулбоқии Донишманд, Алиризои Аббосӣ, Хоҷа Мақсуд, Мирзо Ҳасанбек ибни Маҳмудбеки Салим ва дигарон дар рушди анвои ҳунари хаттотӣ дар Эрон саҳм гузоштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках. - М – Л., 1947;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. - Д., 1998.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.