Jump to content

Алигӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алигӣ — навъе аз тутҳои бедонаи маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз, то 8,4 м қад мекашад (қутри танааш 126 см). Баргаш калон (дарозиаш 13,6 см, бараш 10,2 см), дилшакл ё яклухти дандонадор. Мевааш майдаи бетухм (дарозиаш 0,7 см, бараш 0,6 см), сафеди сурхча, охири май мепазад. Дарахти алигӣ ба сармову гармо ва камобӣ тобовар буда, дар заминҳои серсанг ва канори ҷӯйборҳо хуб месабзад. Ниҳоли пайвандиаш баъди 4 – 5 соли шинондан самар меорад. Меваашро асосан тар мехӯранд, тутмавиз мекунанд, ширинӣ мепазанд. Ба тутмавизи алигер нони талқон, мағзи зардолу ё чормағз ҳамроҳ карда мекӯбанд ва тутпист (хӯрокии хуби серғизо) тайёр мекунанд (онро муддати зиёд нигоҳ доштан мумкин). Алигер хоси водии Зарафшон буда, асосан дар ноҳияҳои Мастчоҳу Айнӣ боқӣ мондааст. Дарахташ бештар аз ҳашароти зараррасон (кирминаи комсток ва тортанаккана) зарар мебинад.