Алии Бармакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алии Бармакӣ
Таърихи таваллуд 878(0878)
Зодгоҳ Хуросон
Таърихи даргузашт 931(0931)
Маҳалли даргузашт Бағдод
Пеша(ҳо) мусиқишинос, машшоқ, оҳангсоз

Алии Бармакӣ, маъруф ба Ал-Бармакӣ (878, Бармак — 931, Бағдод) — мусиқишинос, машшоқ ва оҳангсози форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алии Бармакӣ соли 878 дар Бармаки Хуросон таваллуд шудааст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ («Ятимат-уд-даҳр»-и Абумансури Саолибӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Маҳмуди Гардезӣ) Алии Бармакӣ дар зодгоҳаш Хуросон илмҳои бадеъ, мусиқиро омӯхтааст. Дар таҳлилу тадқиқ ва назарияи мусиқӣ дониши тамом пайдо карда, шуҳраташ то Бағдод расид ва ӯро ба дарбор даъват намуданд. Муддате дар дарбори халифа Муқтадир хидмат карда, сарварии дастаи калони мусиқинавозонро ба уҳда доштааст.

Равияҳои мусиқӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мусиқӣ равияи Иброҳими Мавасилӣ, Исҳоқи Мавасилӣ, Ҳамиди Мавасилӣ ва дигар машшоқону мусиқидононро, ки анъанаҳои мусиқии мардумони форсу тоҷикро дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои араб тарғиб менамуданд, такмил медиҳад. Алии Бармакӣ назарияи илмии пайравони сабки мусиқии Бағдодро, ки ба санъати мусиқии форсиён асос ёфта буд, дар асарҳояш «Китоб-ут-танбӯрин», «Китоб-ун-нудамо» такмил дода, заминаи устувори созҳо, аз ҷумла танбӯри хуросонӣ, мовароуннаҳрӣ, барбат ва имконияти бойи иҷрокунандагии онҳоро собит намуд. Алии Бармакӣ дар осораш ақоиди космогонии юнониёнро, ки бар овозҳои мусиқӣ асос ёфтани ҳастии оламро талқин менамуданд, ғайриҳаётӣ шуморидааст. Рисолаҳои «Китоб-ут-танбӯрин» ва «Китоб-ун-нудамо» дар пешрафти анъанаҳои мусиқии мардуми форсу тоҷик ҳиссаи арзанда доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раджабов А., К истокам музыкальной культуры таджиков в IX—X вв., дар кит. Абу Али ибн Сино и его эпоха — Д., 1980.
  • Раҷабзода А., Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён — Д., 2000; ҳамон муалл.
  • Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ — Д., 2008.