Jump to content

Алии Шатранҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алии Шатранҷӣ
Зодгоҳ: Самарқанд
Солҳои эҷод: шоир

Ҷамолулҳукамо Деҳқон Алии Шатранҷӣ (форсӣ: دهقان‌ علی شطرنجی سمرقندی‎; ? — қарни XII) — шоир ва шатранҷии форс-тоҷик, аз шогирдони Сӯзании Самарқандӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Самарқанд. Дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ аз ӯ чун шоири баркамол, аз зумраи маддоҳони «Оли хоқон» (ҳокимони қарохонии Самарқанд) ёд шудааст. Дар «Лубоб-ул-албоб» 36 қитъаи Алии Шатранҷӣ ва як қасидааш ҷой гирифтаанд. Авфӣ таъкид мекунад, ки «аксар ашъори ӯ муқаттаот аст». Қитъаҳои Алии Шатранҷӣ аксаран панду насиҳатианд.

Намунае аз эҷодиёти шоир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаҳо аз ашъори Алии Шатранҷӣ:

Башорат орад аз Наврӯз моро ҳар замон лаклак,
Кунад ғамгин дили мо з-он башорат шодмон лаклак.
Шавад холӣ зи барфу зоғ паҳнои замин яксар
Зи барфу зоғ чун гардад аён аз осмон лаклак…
Дабиристон-ст гӯӣ, ошёну кӯдакон гунҷишк,
Нишаста чун яке пири муаллим дар миён лаклак…
Умри дароз агар зи ҳар неъмате беҳ аст,
Бад неъмате, ки умри дароз аст дар ниёз.
Андар ниёз умри дароз, эй бародарон,
Умри дароз нест, ки ҷон кандани дароз.
  • Суханварони Сайқали рӯи замин. — Д., 1973;
  • Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы. — М., 1960.