Алиризо Бейронванд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
ФутболАлиризо Бейронванд
Alireza Beiranvand, Tehran derby.jpg
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Алиризо Сафар Бейронванд
Таваллуд 22 сентябр 1992(1992-09-22) (27 сол)
Сароби Ёс, Эрон
Шаҳрвандӣ Парчами Эрон Эрон
Қад 198 см
Мавқеъ дарвозабон
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ Парчами Эрон Перспулис
Шумора 1
Маснад
Бошгоҳҳои ҷавонон
2007—2008 Парчами Эрон Ваҳдат
2008—2013 Парчами Эрон Нафти Теҳрон
Маснади бошгоҳӣ*
2011—2016 Парчами Эрон Нафти Теҳрон 69 (0)
2016—то ҳол Парчами Эрон Персеполис 31 (0)
Мунтахаби миллӣ**
2015—то ҳол Парчами Эрон Эрон 15 (0)

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад, тасҳеҳшуда ба ҳолати 10 октябри 2017.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ, тасҳеҳшуда ба ҳолати
10 октябри 2017.

Алиризо Бейронванд (форсӣ: علیرضا بیرانوند‎, 22 сентябри 1992, Сароби Ёс, Эрон) — футболбози эронӣ, дарвозабони бошгоҳи «Перспулис» ва тими миллии футболи Эрон

Собиқаи бошгоҳӣ[вироиш]

Алиризо Бейронванд дар бошгоҳи «Нафт»-и Теҳрон ба футболи ҳирфаӣ қадам ниҳод. Бори нахуст дар дидори «Нафт» бо «Домош»-и Гелон, дар чаҳорчӯби бозиҳои Ҷоми Эрон (15 октабри 2011) ба майдон омад. Бейронванд дар мавсими 2013-14 дарвозабони аввали «Нафт» буд ва дастааш дар он масим дар мусобиқаи лигаи бартари Эрон ба мақоми сеюм расид. Бейронванд қарордоди худ бо «Нафт»-ро то соли 2019 тамдид кард. Баъдан дастаи «Перспулис»-и Теҳрон ба Бейронванд таваҷҷуҳ намуд, аммо «Нафт» намехост ӯро аз даст бидиҳад. Саранҷом, пас аз поёни фасли 2015-16-и мусобиқаи қаҳрамонии Эрон, Алиризо дар таърихи 16 майи 2016, бо ақди қарордоди дусолае ба «Перспулис» пайваст.

Собиқа дар тими миллӣ[вироиш]

4 анвари соли 2015 Алиризо Бейронванд бори аввал дар ҳайати мунтахаби Эрон дар доираи бозиҳои рафиқона бо тими мунтахаби Ироқ дидор анҷом дод (Ироқ 0 : 1 Эрон). Ӯ дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон — 2018 ҳамчун дарвозабони асосии мунтахаби Эрон бозӣ кард. Бейронванд дар ин силсилабозиҳо маҳорати хуби касбӣ нишон дод, ки натиҷааш мунтаби Эронро ба Ҷоми Ҷаҳон равона кардан буд. Дар ҶҶ дастаи Алиризо дар гурӯҳи В (Испания, Португалия, Эрон, Марокаш) қарор дошт. Дар се вохӯрӣ дар даврӣ гурӯҳӣ ҳарифон танҳо ду маротиба дарвозаи Алиризоро рахна карданд. Ӯ дар вохӯрии охирон бо мунтахаби Португалия зарбаи Криштиану Роналдуро аз зарбаи 11-метра гардонд.

Омор[вироиш]

Лига Ҷом Осиё Ҳамагӣ
Бошгоҳ Лига Мавсим Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо
Нафти Теҳрон Лигаи бартар 2011/12 0 0 1 0 1 0
2012/13 1 0 0 0 1 0
2013/14 23 0 1 0 24 0
2014/15 26 0 2 0 8 0 36 0
2015/16 19 0 0 0 1 0 20 0
Перспулис Лигаи бартар 2016/17 24 0 ? ? ? ? ? ?
2017/18 7 0 ? ? ? ? ? ?

Дастовардҳо[вироиш]

Парчами Эрон «Перспулис»

пайвандҳо[вироиш]