Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Криштиану Роналду

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Криштиану Роналду
Иттилооти умумӣ
Номи пурра португалӣ: Cristiano Ronaldo dos Santos Aveiro
Лақаб CR7, КриРо, El Bicho
Таваллуд 5 феврал 1985(1985-02-05) (40 сол)
Шаҳрвандӣ Парчами Португалия Португалия
Қад 189[1] см
Вазн 85[1] кг
Мавқеъ миёнмайдони канорӣ, ҳамлагар
Иттилоот дар бораи даста
Даста Парчами Арабистони Саудӣ «Ан-Наср»
Шумора 7
Маснад
Бошгоҳҳои ҷавонон
1993—1995 Парчами Португалия «Андориня»
1995—1997 Парчами Португалия «Насионал»
1997—2002 Парчами Португалия «Спортинг Лиссабон»
Маснади бошгоҳӣ*
2002—2003 Парчами Португалия «Спортинг Лиссабон» 25 (3)
2002 Парчами Португалия «Спортинг Б» 2 (0)
2003—2009 Парчами Англия «Манчестер Юнайтед» 196 (84)
2009—2018 Парчами Испания «Реал Мадрид» 292 (311)
2018—2021 Парчами Италия «Ювентус» 98 (81)
2021—2022 Парчами Англия «Манчестер Юнайтед» 40 (19)
2023— Парчами Арабистони Саудӣ «Ан-Наср» 77 (74)
Мунтахаби миллӣ**
2001 Парчами Португалия Португалия (то 15 сола) 9 (7)
2001–2002 Парчами Португалия Португалия (то 17 сола) 7 (5)
2002—2003 Парчами Португалия Португалия (то 21 сола) 10 (3)
2003 Парчами Португалия Португалия (то 20 сола) 5 (1)
2003—то ҳол Парчами Португалия Португалия 221 (138)
2004 Парчами Португалия Португалия (олимп) 3 (2)
Медалҳои байналмилалӣ
Ҷоми футболи Урупо
Нуқра Португалия 2004
Биринҷӣ Лаҳистон/Укроин 2012
Тилло Фаронса 2016
Лигаи миллатҳои Урупо
Тилло Португалия 2019
Тилло Олмон 2025
Ҷоми Конфедеросиюнҳо
Биринҷӣ Русия 2017

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ.

Криштиа́ну Рона́лду душ Са́нтуш Аве́йру (португалӣ: Cristiano Ronaldo dos Santos Aveiro; 5 феврали соли 1985, Фуншал, Португалия) — футболбози Португалияӣ, сарвони бошгоҳи «Ан-Наср» ва тими миллии Португалия. Дорандаи 5 тӯби тиллоӣ[2].

Аввалин футболбозест, ки дар Лигабартари Инглистон, Ла Лигаи Испониё ва Силсилаи А-и Итолиё унвони қаҳрамониро соҳиб шудааст. Ӯ аз тарафи федеросиюни футболи Португалия дар таърихи Португалия ҳамчун беҳтарин футболбоз эътироф шуд. Дар таърихи бошгоҳи «Реал Мадрид» ва тими миллии Португалия мақоми голзани беҳтаринро дорад.

Роналду беҳтарин бозигари ҷавон дар Чемпионати футболи Урупо 2004 дониста шуд. Қаҳрамони лигабартари Инглистон дар мавсими 2006/2007, (беҳтарин бозигар, беҳтарин бозингари ҷавон) – 2007/2008, (беҳтарин бозигар) – 2008/2009. Дорандаи «Кафши тиллоӣ» дар солҳои 2008, 2011, 2014 ва 2015. Соли 2008 аз рӯи интихоби УЕФА беҳтарин футболбози сол дар футболи бошгоҳии УЕФА ва Лигаи қаҳрамонҳо дониста шудааст, соҳиби «Тӯби тиллоӣ (France Football)» ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон ва мукофоти «Бозингари сол, ФИФА» гардидааст. Соли 2015 се карат дорандаи «Тӯби тиллоӣ (France Football)», ҳамчун футболисти беҳтарини ҷаҳон дар соли 2014 дониста шудааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Криштиа́ну Роналду 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали ҷазираи Мадейра, Португалия ба дунё омадааст. Падараш Жозе Диниш Авейру (1954—2005) боғбон ва модараш Мария Долореш душ Сантуш Авейру ошпаз (тав. 1954) буданд. Номашро холааш интихоб кардааст. Номи дуюми Криштиану ҳангоми таваллуд (фарзанди чорум дар оила) Роналду, аз рӯи интихоби падараш, ба муносибати номи президенти ИМА Роналд Рейган, гузошта шудааст[3].

Падари Роналду соли 2005 аз ҳисоби нушокиҳои спиртӣ вафот кард. Роналду панҷ фарзанд дорад.

Маснади бошгоҳӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мунтахаби миллӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]