Аличури Шимолӣ
Зоҳир
Мушаххасот | |
---|---|
Дарозӣ | 110 км |
Нуқтаи баландтарин | |
Баландии мутлақ | 5 929 м |
Макон | |
Системаи кӯҳӣ | Помир |
Аличури Шимолӣ, Бозордара — қаторкӯҳ дар Помири Шарқӣ. Аз ғарб ба шарқ 110 км тӯл кашида, водии аличурро аз водии Мурғоб ҷудо мекунад. Дар самти Шимол шохаҳои калон дорад: кӯҳи Ирхт (қуллаи Кулин, 5929 м), кӯли Сарез (5800 м), кӯҳи Марҷанай (қуллаи Бозортеппа, 5880 м). Асосан аз варақасанг ва оҳаксангҳо иборат аст. Нишебиҳои шимолии он бештар бо водиҳои чуқури танг бурида шуда, пиряхҳо доранд. Масоҳаташ умумии пиряхҳо 975 км2. Дар нишебиҳои кӯҳ рустаниҳои хӯшадори даштӣ, явшон ва хорбуттаҳо мерӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аличури Шимолӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.