Аличури Ҷанубӣ
Намуди зоҳирӣ
Қаторкӯҳи Аличури Ҷанубӣ | |
|---|---|
| Мушаххасот | |
| Дарозӣ | 150 км |
| Паҳно | 30 км |
| Нуқтаи баландтарин | |
| Баландии мутлақ | 5 706 м |
| Макон | |
| Системаи кӯҳӣ | Помир |
Аличури Ҷанубӣ — қаторкӯҳ дар Помири Шарқӣ. Аз ғарб ба шарқ қариб 140 км тӯл кашида, водии дарёҳои Аличур ва Помирро аз ҳам Ҷудо мекунад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 4500 – 5000 м, нуқтаи баландтаринаш 5706 м (қулла Қизилдунгӣ). Аз граниту гнейсҳо ва варақасангҳои кристаллӣ таркиб ёфтааст. Масоҳати пиряхҳояш тақрибан 30 км2. Дар нишебиҳои қаторкӯҳ осори пиряхҳои қадимӣ боқӣ мондаанд; рустаниҳои баландкӯҳи биёбонӣ ва хорбуттаҳо мерӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.