Jump to content

Аллотропия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллотропия (аз юнонӣ alios — дигар ва tropos — гардиш, хосият) — мавҷуд будани баъзе элементҳои химиявӣ дар ду ё чанд шакли моддаҳои содаи сохту хосияташон гуногун.

Macалан, фосфор; он моддаи нимшаффофи сафед буда, ҳарор. гудозишаш 42,2°С аст; моддаи заҳрнок, дар торикӣ нур меафканад, худ аз худ аланга мегирад. Фосфор чанд шакли аллотропӣ ҳосил мекунад: Фосфори сафед, дар ҳолати сахт ҳангоми зуд хунук кардани буғи фосфор ҳосил мегардад; берангу шаффоф, дар ҳаво зуд оксид мешавад, заҳри қотил аст. Фосфори сурх, ҳангоми бе иштироки ҳаво дар ҳарораташ 250—300°С дуру дароз гарм кардани фосфори сафед ба даст меояд; дар ҳаво суст оксид шуда, дар торикӣ рӯшноӣ надорад, дар ҳарораташ 260°С дармегирад. Фосфори сиёҳ дар натиҷаи то 200—220°С таҳти фишори баланд гарм кардани фосфори сафед ҳосил мешавад.

Бисёр элементҳои дигар низ дар ҳолати озод метавонанд чун фосфор вуҷуд дошта бошанд. Macалан, карбон дар ҳолати озод дар намуди алмос ва графит маълум аст. Дигар шаклҳои аллотропияи карбон ангишти чӯб, кокс, дуда, карбин ва поликумулен мебошанд. Аллотропия дар натиҷаи аз шумораи гуногуни атомҳо ҳосил шудани молекула (масалан, О2 — оксиген, О3 — озон) ё шаклҳои гуногуни кристаллӣ (масалан, графит ва алмос) ба вуҷуд меояд. Алҳол зиёда аз 400 Аллотропияи элементҳои химиявӣ маълуманд.