Алоуддини Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алоуддини Самарқандӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ
Таърихи даргузашт: 1144
Фарзандон: Фотимаи Самарқандӣ
Самти фаъолият: ҳанафӣ
Шогирдон: Масъуд ибни Аҳмади Косонӣ ва Фотимаи Самарқандӣ
Вироиши Викидода

Абубакр Алоуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ (ар. أبو بكر علاء الدين محمد بن أحمد بن أبي أحمد السمرقندي‎; дарг. 1144) — усулӣ ва фақеҳи ҳанафии форс-тоҷик, падари Фотимаи Самарқандӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Самарқанд зиндагӣ ва таҳсил карда, барои такмили дониш ба Бу­хоро рафтааст. Дар он ҷо фиқҳ, ка­лом, мантиқ забони арабӣ, таърихи халқҳои Мовароуннаҳру араб ва ғайраро омӯхт. Мероси илмии ӯ «Туҳфату-л-фуқаҳо», «Эзоҳу-л-қавоид фи-л-муаммо» («Шарҳи қоидаи муаммо»), «Фӣ усули-л-фиқҳ» («Доир ба асос­ҳои фиқҳ») ва ғайра буда, то замони мо расидаанд. Ду асари аввал ба забони форсӣ, охирин ба забони арабӣ таълиф гардидааст. Асарҳои зикршуда барои омӯзиши таърихи таҳаввулу такомули фиқҳ ва муайян намудани мақоми он аҳамият дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]