Jump to content

Алоуддини Косонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алоуддини Косонӣ
араб. ар. علاء الدين الكاساني
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҷтаҳид, фақеҳ
Таърихи таваллуд: асри XII
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 3 август 1191(1191-08-03)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: суннӣ
Ҳамсар Фотимаи Самарқандӣ[1]
Самти фаъолият: ҳанафӣ
Устодон: Алоуддини Самарқандӣ ва Абулмуъини Насафӣ
Шогирдон: Ҷамолуддини Ғазнавӣ
Осор:
Вироиши Викидода

Абӯбакр ибни Масъуд ибни Аҳмади Косонӣ (ар. علاء الدين أبو بكر بن مسعود بن أحمد الكاساني‎; асри XII, Косонсой3 август 1191, Ҳалаб) — донишманд ва фақеҳи ҳанафии форс-тоҷик.

Зиндашгинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли таваллуди ӯ дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Зодгоҳи ӯ шаҳри Косон аст, ки дар назди Шош воқеъ мебошад. Ӯ бо лақаби «Малику-л-уламо Алоуддини Ҳанафӣ» машҳур аст. Косонӣ дар назди Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абӯаҳмади Самарқандӣ илмҳои динии замонашро омӯхта, аксари таснифоти ӯ, аз ҷумла китоби «Туҳфатул-фуқаҳо» ва дигар китобҳои усулро фаро мегирад. Аллома Косонӣ Муҳаммад ибни Аҳмадро ҳамчун олими комил шинохт ва аз ӯ ҳамаи илмҳоро омӯхт. Муҳаммад ибни Аҳмад духтаре дошт, ки бо номи Фотимаи фақеҳа ва олимаи машҳур буд. Фотима китоби «Туҳфатул-фуқаҳо»-и падарашро ҳифз намуда буд ва аз нигоҳи ҳусну ҷамол яке аз зеботарин занҳои замонаш буд. Ҳатто ки бисёре аз шоҳзодагон ӯро аз падараш хостгорӣ карда буданд, лекин падараш хостаи онҳоро напазируфт. Дар ин овон Аллома Косонӣ ба китоби «Туҳфатул-фуқаҳо»-и устодаш шарҳе бо номи «Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ» навишта, онро ба устоди худ тақдим намуд. Устодаш баъд аз дидани ин китоб бисёр хушҳол шуда, духтарашро ба шогирдаш Аллома Косонӣ ба занӣ дод ва китобашро маҳри духтараш қарор дод. Пас аз ин рӯйдод дар байни уламо ин сухан машҳур гардид, ки мегуфтанд: «Шараҳа „Туҳфа“-таҳу ва тазавваҷа ибнатаҳу», яъне китобашро шарҳ дод ва бо духтараш издивоҷ кард.

Ба ғайр аз ин Аллома Косонӣ китобҳои дигаре низ таълиф намудааст, ки аз миёни онҳо метавон китоби «Ас-султонул-мубин фӣ усулид-дин»-ро ном бурд. Ибни Адим мегӯяд: "Аз Зиёуддин ибни Хумайси Ҳанафӣ шунидам, ки мегуфт: "Дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёти Аллома Косонӣ назди ӯ будам. Дар ин асно ӯ ба хондани сураи «Иброҳим» шуруъ намуд, то ин ки ба ин оят расид: «Юсаббитуллоҳуллазина оманӯ бил-қавлис-собити фил-ҳаётид-дунё вал-охира» ва пас аз хондани ин оят аз олам чашм пӯшид. Вафоти Аллома Косонӣ дар рӯзи якшанбе, 10-уми моҳи раҷаби соли 587 ҳиҷрӣ, пас аз намози пешин воқеъ шудааст. Ҷасади ӯро дар паҳлӯи ҳамсараш Фотимаи фақеҳа дар дохили мақоми Иброҳими Халил дар шаҳри Ҳалаб ба хок супурданд[2].

  1. Türkiye Diyanet Vakfı Türkiye Diyanet Vakfı İslâm Ansiklopedisi (тур.)Ankara: Türkiye Diyanet Vakfı.
  2. Аллома Алоуддини Косонӣ. shuroiulamo.tj. Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 Январ 2017). 6 марти 2024 санҷида шуд.