Алоуддини Самарқандӣ
Алоуддини Самарқандӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ |
Таърихи таваллуд: | 1095[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1144 ё 1157[1][2] |
Фарзандон: | Фотимаи Самарқандӣ |
Самти фаъолият: | ҳанафӣ |
Шогирдон: | Масъуд ибни Аҳмади Косонӣ ва Фотимаи Самарқандӣ |
Вироиши Викидода |
Абубакр Алоуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ (ар. أبو بكر علاء الدين محمد بن أحمد بن أبي أحمد السمرقندي; 1095[1][2], Самарқанд[3] — 1144 ё 1157[1][2]) — усулӣ ва фақеҳи ҳанафии форс-тоҷик, падари Фотимаи Самарқандӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш Самарқанд зиндагӣ ва таҳсил карда, барои такмили дониш ба Бухоро рафтааст. Дар он ҷо фиқҳ, калом, мантиқ забони арабӣ, таърихи халқҳои Мовароуннаҳру араб ва ғайраро омӯхт. Мероси илмии ӯ «Туҳфату-л-фуқаҳо», «Эзоҳу-л-қавоид фи-л-муаммо» («Шарҳи қоидаи муаммо»), «Фӣ усули-л-фиқҳ» («Доир ба асосҳои фиқҳ») ва ғайра буда, то замони мо расидаанд. Ду асари аввал ба забони форсӣ, охирин ба забони арабӣ таълиф гардидааст. Асарҳои зикршуда барои омӯзиши таърихи таҳаввулу такомули фиқҳ ва муайян намудани мақоми он аҳамият дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #132617803 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ / У. Назиров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).