Алочабофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Алочабофӣ (порсӣ: الاچبافی ) – истеҳсоли алоча дар бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маъмул буд. Аз ҷумла, дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо анвои гуногуни алоча мебофтанд. Дар ҷараёни кори алочабофӣ ҳам занону ҳам мардон иштирок мекарданд. Кори асосиро мардҳо иҷро карда, занҳо ба онҳо дар ресмон ресидан, пилла кушодан ва нахро ба найча печонидан ёрӣ мерасониданд. Алочаи ҳисорӣ аввалҳо тангбар бофта мешудааст. Дар охири а. 19 бари он аз «чор ангушту чоряк» (26-27 см) то 56-58 см васеъ карда шуд, ки онро мардуми маҳаллӣ «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна алочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки он «як лўла» ном дошт. Аз он як ҷомаи мардона ва ё як куртаи занона дўхтан мумкин буд. Баъзан нақши алочаро бо ду рахи барашон якхелаи гуногунранг зинат медоданд. Масалан, як рахро сурх, дигарашро сафед, зард ё ягон ранги дигар мекарданд. Аз ин навъ алоча маъмулан ҷомаҳои занонаву мардона медўхтанд. Алочае, ки аз ресмонҳои дуруштнах бофта шуда буд, пуди он дар байни асоси матоъ намоён мешуд ва ба матоъ тобишу ҷилои махсус медод. Устоҳо инро усулро моҳирона истифода бурда, матоъро ҷилодору хушнамуд месохтанд. Чунки бо роҳи рангкунӣ чунин тобиш ба вуҷуд намеомад. Чунончӣ, дар матоъи асосаш бунафшранг пуди кабуди осмониро мегузоштанд, ки дар натиҷа алочаи кабуднамо истеҳсол мешуд. Дар алочабофӣ аз усули абрбандӣ низ истифода мешуд.

Бофандагони Қаратоғ усули абрбандии худро доштанд, ки он бо нақшҳои калону равшан ва ихчам аз матоъҳои абрбандишудаи алочабофони дигар шаҳрҳо тафовут дошт. Дар алочаҳои қаратоғӣ нақшу нигори бодомчаҳои печида, давра, росткунҷа, хатти шикаста ва барги дарахти хурмо (палметта) ва ғайра ба назар мерасанд, ки бо ҳамнишинии махсус тасвир шудаанд. Аз ҳама кори заҳматталаб дар истеҳсоли алочаи абрбандӣ таҳияи торҳои он барои рангуборкунӣ мебошад. Дар гузашта ин корро устоҳои гулдаст, ки маҳорати баланди рассомӣ доштанд, иҷро мекарданд.

Дар солҳои 1930-юм дар Ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон соҳаи бофандагӣ рушд ёфт ва алочабофӣ низ ҳамчун як бахши он беш аз пеш тараққӣ кард. Дар шаҳраки Шаҳринав артели бофандагӣ ба кор оғоз намуд. Баъдтар як қисми кормандони он ба Душанбе омада, ба муассисаҳои абрешимбофӣ ба кор даромаданд. Қисми дигари коргарон дар Қаратоғ алочабофиро идома медоданд. Соли 1972 дар Қаратоғ коргоҳи бофандагии «Дилором» кушода шуд. Дар он ҷо алочаи пахтагин истеҳсол шуда, барои фурўш ба мағозаҳои кишвар интиқол дода мешуд. Дар фабрикаҳои абрешимбофии Душанбе ва Ленинобод (Хуҷанд) минбаъд ба таври васеъ истеҳсоли атласи абрешимӣ бо нақши абр ба роҳ монда шуд. [1][2]

Адабиёт[вироиш]

  • Ершов Н.Н. Гиссарская алача // Памяти А.А. Семёнова. Сб. статей. – Душанбе, 1980;
  • Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
  • Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
  • Раҳимов Д. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 9 - 10.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Алочабофӣ/Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). — Душанбе, 2015. —668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8
  2. Турсунов Н. Алоча // Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 2011. – С. 346.