Қаратоғ
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Турсунзода |
Ҷамоат | Деҳоти Қаратоғ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3130 |
Қаратоғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Турсунзода.
Дар соли 1924 яке аз пойтахти эҳтимолии ояндаи ҶАШСТ дар баробари деҳаи Душанбе, ки дар натиҷа д. Душанбе пойтахт интихоб шуд[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Қаратоғи бостонӣ дар шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, дарозии дарааш 47 километрро ташкил медиҳад. Дарёи Қаратоғ 99 километр дарозӣ дошта, аз баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр, аз қуллаи Шӯро, аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад. Мардумшинос Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд «Ҳанӯз соли 1511 Заҳуриддини Муҳаммад Бобур (1483—1530), арбоби давлатӣ, воқеанигор ва шоир бо корвони шутурҳояш тавассути дараи Қаратоғ гузашта, ба Мастчоҳ сафар кардааст ва дар харитаи сафараш номи дарёро „Камруд“ ёдовар шудааст. Аз ин сабаб дар таърих номи ин дарё „Камруд“ сабт гаштааст. Қаратоғ аз ибораи „Қария“ — шаҳри хурд ва „тоқ“ — ягона гирифта шудааст. Аммо дар байни ин мардум ақидаҳои зиёде нисбати ин ном ҷо доранд. Ба андешаи гурӯҳи якум Қаратоғ калимаи туркӣ буда, маънояш „Кӯҳи сиёҳ“ аст. Гурӯҳи дуюм ақида доранд, ки аслан Қаратуғ, Қара — сиёҳ, туғ — асо аст. Гӯё ин ном дар садаи XV, дар давраи ҳукмронии амир Ҳусайн ва амир Темур пайдо шуда бошад».[2]
Мазори «Дарвоза»
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даромадгоҳи самти ҷанубии собиқ шаҳри Қаратоғ (ҳоло рустои Балхак, қисми низомӣ) оромгоҳе бо номи мазори «Дарвоза» воқеъ аст. Тибқи ривоятҳо ин мазор ба яке аз муридони Хоҷа Аҳрори Валӣ — Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ тааллуқ дорад. Хоҷа Аҳрори Валӣ соли 1428 ҳангоми сафар ба Ҳирот дар Чағониён бо Мавлоно Яъқуби Чархӣ шинос гашта, ӯро пири руҳонии худ хондааст. Чағониён қисми ғарбии водии Ҳисорро дар бар мегирифт. Хоҷа Аҳрори Валӣ дар садаи XV ҳангоми гузаштан аз Қаратоғи бостонӣ бо кадом сабабе фавтидааст ва дар ин ҷо ӯро ба хок супурдаанд.
«Гаҳворасанг»
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисмати шимолии саргаҳи деҳа санги сурхи ба гаҳвора шабоҳатдошта воқеъ аст. Ин санг дар забони мардум бо номи «Гаҳворасанг» маъруф аст. Санг рамзҳои «Модари шаҳр», «Меҳри модар» ва «тавлиди фарзанди модар»-ро дорад. То солҳои охир пиразанҳои деҳа дар назди ин санг расму оинҳои оташпарастиро ба ҷо меоварданд. Соли 2005 барои боқӣ мондан гирди ин санг бо услуби шарқӣ девор карда шуд.[2]
Қалъаи Қаратоғ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар садаи XVII Қалъаи Қаратоғ яке аз ҷойҳои истироҳатии ҳокимони Ҳисор ба шумор мерафт. Қалъа дар баландии 120 метр, дар соҳили рости дарёи Қаратоғ ҷойгир будааст. Охири солҳои 50-уми садаи XVIII ҳангоми Ҳисорро забт намудан ин қалъа аз тарафи қӯшунҳои амир валангор карда шудааст. Вақте соли 1886 сайёҳи фаронсавӣ Габрилян Бонвало ба Бухорои Шарқӣ меояд, дар китоби хотираҳояш харобаҳои ин қалъаро сабт менамояд. Деворҳои қалъа аз лой, ба шакли росткунҷа сохта шудааст. Сутунҳояш аз ҷониби шимол намоён буда, барои ҷазо додани мардуми гунаҳкор пешбинӣ шудааст. Дар паҳлӯи қалъа туп, замбаракҳо, ҷои махсус барои туфангҳо, сӯрохиҳо барои тирпаронӣ мавҷуданд. Аз ду тараф биноҳои айвондор ва толорҳои кандакоришуда бо расми гулу меваҳо оро ёфтаанд. Иншооти қалъа дар заминларзаи соли 1908 пурра хароб мегардад. Ҳоло аз ин қалъа зерсутунҳо, сангҳои осиёӣ, суфасанги зери туп, шамшери зангзада, сиккаҳои садаи XVII боқӣ мондааст.[2]
Мазори Оффоқхӯҷа (Хӯҷаи муҳтарам)
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ақидаи пирони деҳа, ки аз забон ба забон гузашта, то ба имрӯз ба шакли ҳикояву ривоят боқӣ мондааст, ин асрори қабрҳои нишонадор мебошад. Яке аз қабрҳое, ки мардуми деҳа ва мардуми қошғарӣ то ба имрӯз муқаддас мешуморанд, ин қабри Оффоқхӯҷа (Хӯҷаи муҳтарам) мебошад. Мувофиқи навиштаи китоби «Шоҳмашраб» Оффоқхӯҷа дар ҳамин деҳа аз олам гузаштааст. Қошғариҳои Чин Оффоқхӯҷаро набераи ҳаждаҳуми Паёмбар Муҳаммад (с) мешуморанд. То имрӯз мардуми Қошғар, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ доранд, ба зиёрати ин қабр меоянд.
Катибаи санги Муҳаммад-оқсақол
[вироиш | вироиши манбаъ]Катибаи санги Муҳаммад-оқсақол дар самти шарқии мактаби имрӯзаи деҳа (МТМУ-и № 12), дар масофаи 50 метр дуртар воқеъ аст. Дар рӯи қабр санги булӯрини мармарӣ ба чашм мерасад, ки он аз соли 1745 боқӣ мондааст. Дар тани ин санг бо забони ӯзекӣ ва ҳуруфоти арабӣ «Ин қабри Муҳаммад-оқсақол» ҳаккокӣ гаштааст. Эҳтимол меравад, ки ин қабри яке аз ҳокимони Ҳисор Муҳаммадаминбий, аз садаи XVIII бошад.[2]
Ҳунармандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа буда, ҳар як касб ному хусусияти хоси худро дорост. Сайёҳону савдогарони кишварҳои дурдаст низ бо шуҳрат ёфтани ҳунармандӣ дар Қаратоғ пои худро ба ин мавзеъ гузоштаанд. Этнографи шинохта Н. Н. Ершов чандин солҳо баҳри омӯзиши таърихи касбу кори ҳунармандони деҳаи Қаратоғ машғул гашта, дар китоби худ «Ҳунармандӣ дар Қаратоғ» мушоҳидаҳояшро сабт намудааст. Ин ягона китобест, ки ҷамъбасти андешаҳои мардуми деҳаро барои касбу косибӣ ифода намудааст. Яке аз пиронсолони деҳа Дилмурод Азимов мегӯяд, «ҳар касбу ҳунар ифодагари таъриху маданият аст. Маданияти қаратоғиён зинда доштани таърихи ҳунармандист. Шиори ҳар як ҳунарманди ин деҳа „Дӯкон ин нон аст“ мебошад. Сабаб дар он аст, ки асоси пешбурди рӯзгори ҳунармандон кор дар дӯкон аст». Ҳунармандӣ дар Қаратоғ аз ибтидои садаи XIX сар карда, то солҳои 60-уми садаи XX бо суръати баланд равнақ ёфтааст. Яке аз ҳунарҳои равнақёфта ин бофандагӣ будааст. Бино ба нақли пирони деҳа то Инқилоби Бухоро дар Қаратоғ бештар аз 3 ҳазор дӯконҳои бофандагӣ фаъолият мекардааст. Устоҳои ин деҳа дар хонаҳояшон то 5-6 дӯкони бофандагӣ доштаанд. Матои истеҳсолмекардаи бофандагони Қаратоғ «алоча» ном дошта, косибон бештар аз 20 намуди онро мебофтаанд. Онҳо сиёҳала, чортеғ, абдушадӣ, чиғӣ, сиёҳкор, мушкузаъфар, алифӣ, маҳмудшоҳии зирагӣ, кӯлобии миёнкӯфта, алочаи бойсунӣ, нимшоҳӣ, кабутак, пӯсти мор, лолагӣ… ном доштанд.[2]
Осорхонаи Мирзо Турсунзода
[вироиш | вироиши манбаъ]Осорхонаи Мирзо Турсунзода соли 1978 дар зодгоҳашон деҳаи Қаратоғ бунёд ёфта, нахустин осорхонаҳои водии Ҳисор ба шумор меравад. Дар даромадгоҳи Осорхона мизи кории Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ки он аз китобҳо, медалҳо, телефони корӣ ва дигар ашёе, ки худи шоир дар зиндагиашон истифода намудаанд, иборат мебошад. Дар бинои дигари ин осорхона санъати ҳунарҳои мардуми деҳаи Қаратоғ ҷо гирифтааст. Муҳаққиқ Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд «Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа аст. Ҳар як касб ба худ ному хусусияти худро дорост. Мардуми ин деҳа зиёда аз 95 касбу кори гуногун доштанд». Қаратоғ аз аҳди Кушониён то садаи XV, яъне то кушодашавии роҳҳои баҳрӣ яке аз шохаҳои тиҷорати «Роҳи Абрешим» маҳсуб ёфта, Самарқанду Бухоро ва дигар ноҳияҳоро бо ҳам мепайваст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аз мавзеъҳои харобгаштаи деҳаи Қаратоғ зангулаҳои корвони шутурҳо, зарфҳои чинӣ, мисин, шишаву оина ба даст омадаанд. Ва онҳо имрӯз бо номи табақу коса ва пиёлаи қошғарӣ дар осорхона ва хонаҳо ҳифз карда мешаванд. Яке аз харитаҳои «Роҳи Абрешим» дар ин осорхона боқӣ мондааст".[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Душанбе –столица таджиков Мовароуннахра(рус.). Радио Озоди. 29 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2