Алоқнӯйин
Зоҳир
Улоқнӯён, Алақнӯён | |
|
Алоқнӯйин (Улоқнӯён, Алақнӯён; таваллуд ва вафот номаълум) — сипаҳсолори маъруфи муғул.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тасарруфи чандин шаҳрҳои болооби Сайҳун (Сирдарё) ширкати фаъол доштааст. Сипаҳсолори дигари муғул, ки бо ҳамин ном дар забти навоҳии Вахш ва Толиқон даст доштааст. Алоқнӯйин тирамоҳи 1219 бо амри Чингизхон, Сакату ва Тӯқой бо панҷ ҳазор сипоҳиён ба шаҳри Банокат ҳуҷум карданд. Шаҳр се рӯз дар муҳосира буд ва оқибат тасхир шуд. Сипас лашкариёни муғултабор Хуҷандро ба муҳосира гирифтанд. Муҳосираи Хуҷанд ним сол идома ёфт ва Темурмалик аз қалъаи обӣ муқобили муғулон мардонавор муқобилият мекард. Дар набардҳои минбаъдаи муғулон аз Алоқнӯйин ёд нашудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бойматов Л., Темурмалик, Д., 2006;
- Бойматов Л. Аз Темурмалик чӣ медонем? Д., 2006;
- Номе, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад, маҷ. «Садои Шарқ», 2007, № 6.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.