Банокат
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Вилояти Тошканд |
Банокат (форсӣ: بناکت) Бинокас, Банокос, Фанокат — шаҳри қадимии бузурге буд дар Мовароуннаҳр марбут ба давлати Чоч (Шош).
Ба суғдӣ ин шаҳр ба унвони Бинкат ва баъзан Бункат (яъне пойтахт) ёд шудааст. Харобаҳои Банокат охири садаи 19 дар канори соҳили рости Сайҳун (Сирдарё), андаке болотар аз резишгоҳи дарёи Оҳангарон (Ангрени ҳозира), ҳафр шудаанд. Азбаски шаҳр манзалати стратегӣ, маркази тиҷорат (роҳи асосии Суғд – Чоч – Ҳинд – Хитой аз он убур мекард) ва аҳолии бисёр дошт, монанди диг. шаҳрҳои қадим ҷиҳати ҳифозат аз ҳамлаҳо ва ғоратгариҳои хешу бегонагон гирдогирди онро хандақи чуқуре кандаанд. Шаҳристони Б. қад-қади соҳили дарё тахминан ба 800–900 м тӯл дорад. Работи калонмасоҳати Банокат аз Ш. бо девори мустаҳками паҳнбар иҳота шуда, 18 адад бурҷ доштааст. Дар ибт. интишори дини ислом Банокат ба авҷи олии равнақаш расида буд, ҳарчанд аз ин пештар ҳам аз марказҳои муҳимми савдои Суғд маҳсуб мегардид. Ибт. соли 1220 лашкари сершумори муғул Банокатро, пас аз муҳосираи тӯлонӣ, забту харобу валангор кард. Соли 1392 Темур онро аз нав барқарор, работи қадимиро бо девори мустаҳкам иҳота ва ба номи писараш Шоҳрух Шоҳрухия номгузорӣ кард. Қисме аз биноҳои боқимондаи Банокат асрҳои 16–17 қалъаҳои мулки Тошканд ба ҳисоб рафта, ворисони хонҳои Тошканд дар онҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳоло деворҳои мудофиавии қисмати шарқӣ ва хандақҳояшон маҳфуз мондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бартольд В. В. Соч.. Т. 3. М., 1965;
- Буряков Ю. Ф. О втором караванном пути из Согда в Шаш // Общественные науки в Узбекистане. Ташкент, 1972;
- Неъматов Н. Давлати Сомониён. Д., 1989.
- ابن خردادبه. المسالک و الممالک. لیدن، ۱۹۲۷؛
- مقدسی. احسن التقاسیم. بیروت، ۱۴۰۸.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Банокат / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.