Алфия Аҳророва

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алфия Аҳророва
Аҳророва Алфия Додохоновна
Таърихи таваллуд: 9 август 1943(1943-08-09) (78 сол)
Зодгоҳ: Андиҷон, ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: иқтисод
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, (аз соли 1972)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер: Донишгоши техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
Ҷоизаҳо: Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2002)

Алфия Аҳрóрова (Аҳророва Алфия Додохоновна; тав. 9 августи 1943, Андиҷон, ҶШС Ӯзбекистон) — иқтисоддони тоҷик. доктори илми иқтисод(1983). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алфия Аҳророва 9 августи соли 1943 дар дар шаҳри Андиҷон, Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи ҳамин шаҳр таҳсил кардааст. Соли 1965 факултети энергетикаи ИПТ (ҳозира Донишгоши техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ)-ро хатм кардаСолҳои 1976-1978 рассом-ороишгари колхози Ленингради ноҳияи Кӯлоб буд. Дар Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодӣ-математикии Академияи Илмҳои ИҶШС (шаҳри Маскав) чун коромӯз-таҳқиқотгар ва баъдан аспирант таҳсилро идома дод.

Кор ва фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1972 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон, дотсент, профессор, мудири кафедра, ноиби ректор оид ба илм кор карда, фаъолияти омӯзгориашро то ҳол идома медиҳад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳқиқоти илмии Алфия ба масоили сармояи энергетикӣ, иқтисод ва менеҷменти маҷмуа (комплекс)-и энергетикӣ, муносибгардонии маҷмуаи гармидиҳӣ-энергетикӣ, амнияти иқтисодӣ ва обӣ-энергетикӣ, сиёсати тарофавӣ дар электроэнергетика, роҳҳо ва воситаҳои таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ва ғайра бахшида шудаанд.

Китобҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вопросы рационализации энергоиспользования в регионе. М., 1987;
  • Проблемы эффективности энергетического комплек­са Таджикской ССР. Д., 1988;
  • Интенсификация энергетики Таджикис­тана. Д., 1988;
  • Энергетика Таджикистана: современные тенденции и перспектива устойчивого развития. Д., 2005;
  • Терминологический словарь «Энергетика». Д., 2009

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2002)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]