Андиҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Андиҷон
ӯзбакӣ: Andijon, Андижон
Devonaboy Jome Mosque in Andijan.jpg
Кишвар

Ӯзбакистон

Вилоят

Андиҷон

Координатаҳо

40°46′00″ а. шим. 72°21′00″ т. ш.HGЯO

Масоҳат

74[1] км²

Номи қавмӣ

андиҷонӣ, андиҷониҳо

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Андиҷон дар харитаи
Андиҷон
Андиҷон

Андиҷон (ӯзбакӣ: Andijon, Андижон) — шаҳр дар Ӯзбакистон, маркази маъмурии вилояти Андиҷон. Дар қисми ҷанубу шарқии водии Фарғона ҷойгир аст.

Аҳолиаш 369 ҳазор нафар (2009). Роҳи оҳан ва аэропорт дорад.

Таърих[вироиш]

Дар асри 9 бо номи Андукон ва дар асри 15 бо номи Андигон шӯҳрат дошт. Дар асри 15 пойтахти давлати феодалӣ, дар асри 19 маркази хонигарии Хӯқанд буд. 9 январи 1876 ба ҳайати Империяи Русия гузашт. Дар асри 15 бинобар дар роҳи корвонгарди абрешим воқеъ буданаш, ба маркази тиҷорат ва ҳунармандии водии Фарғона табдил ёфт. Аввали асри 20 яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва савдою саноат гардид. Соли 1902 аз заминҷунбӣ хароб гардид ва 4000 нафар одамон фавтиданд. Дар Андиҷон то имрӯз анъанаи ҳунарҳои мардумӣ ба мисли зардӯзӣ, кашидадӯзӣ ва қолинбофӣ нигоҳ дошта шудааст.

Даврони шӯравӣ[вироиш]

Дар давраи СССР, Андиҷон аз замини таърихии худ ҷудо карда шуда буд ва ҳозира сарҳад соха шуд, ки Водии Фарғонаро ба се ҷумҳуриҳои Шуравӣ тақсим кард. Андиҷон ба қисми РСС Ӯзбакистон дохил шуд. Дар давраи Шӯрави сарҳд роли муҳимро намебозид.

Даврони истиқлол[вироиш]

Солҳои 1990, Андиҷон ва гирду атрофи он нотинҷ шуд. Қашшоқӣ ва аз сабаи шӯриши Фундаментализми Исломӣ дари ба ин макон нотинҷи овард ва моҳи апрели соли 1990 ба хонаҳои Яҳудиён ва арманиҳо ҳамла карда шуданд. Шаҳр, ва умуман вилоят баъд аз пош хурдани Шӯравӣ дар соли 1991 ба харобиҳо ва қашшоқи табдил ёфт. Маҳкам кардани сарҳад ба иқтисодиёти маҳалӣ ба алакай қашшоқони ин шаҳр зиёни калон овард. Моҳи майи соли 2003, марде бо номи Азизбек Каримовро аз сабаи нигоҳ доштани аслиҳаҳо барои террор аз тарафи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон зиндонӣ карда шуд. Вайро моҳи апрели 2004 ба қатл расониданд.

Иқтисод[вироиш]

Андиҷон яке аз калонтарин маркази ҷамъоварӣ ва коркарди пахта аст. Заводҳои мошинсозӣ, биохимия, коркарди пахта, консервабарорӣ, истеҳсоли равған; фабрикаҳои нассоҷӣ, пойафзор, корхонаҳои саноати маҳаллӣ дорад. Дар давраи истиқлолият дар Андиҷон 5 корхона оид ба тайёр кардани қисмҳои эҳтиётӣ барои заводи автомобилбарории «ӮзДЭУавто» сохта ба истифода дода шуд. Дар атрофи Андиҷон конҳои нефту газ мавҷуданд.

Нақлиёт[вироиш]

Андиҷон яке аз марказҳои бузурги нақлиётии водии Фарғона ба ҳисоб рафта, дар мобайни панҷ вилоят қарор дорад; ду истгоҳи роҳи оҳан, аэропорт, инчунин автовокзали бузург дорад, ки аз он ба зиёда аз 200 хатсайр нақлиёт ҳамарӯза дар ҳаракат аст (аз ҷумла ба Иркутск, Саратов, Самара ва ғайра). Дар шаҳр наздики 60 корхонаи муштарак (бо ИМА, Хитой, Корея, Италия, Русия ва ғайра) фаъолият доранд.

Маориф ва фарҳанг[вироиш]

Андиҷон дорои 5 мактаби олӣ, аз ҷумла донишгоҳ, донишкадаҳои омӯзгорӣ, забонҳо ва тиб, Театри вилоятии драма ва мазҳакаи ба номи Охунбобоев, Театри лӯхтак, Театри ҷавонон, Музейи маданият ва таърихӣ-кишваршиносӣ, боғҳои истироҳат, мактабҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо аст. Дар Андиҷон пойгоҳҳои телевизион ва радио амал мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]


Пайвандҳо[вироиш]