Алҳон
Алҳон — (арабӣ — лаҳнҳо, оҳангҳо) — садоҳои хуши мусиқӣ, ки ба ҳам баробаранд. Хониши оҳангдори шеър, чаҳ-чаҳи булбул ва овозҳои хуш бо алҳон иртибот доранд. Дар алҳони мусиқӣ эҳсосоти нозуки инсонӣ — ғаму андӯҳ, шодию сурур, ҳаяҷон ва ғайра ифода меёбанд. Шаш навъи алҳон мавҷуд аст: 1) Алҳонибасита, ки аз савтҳои сода таркиб ёфта, бо вазн, зарб ва усули муайяни мусиқӣ иҷро мешаванд; 2) Алҳониинфиолия, асари мусиқие, ки дар оҳангу матни он ғаму андӯҳ, ҳаҷру фироқ инъикос меёбад. «Гиря», «Гирён-қазоқ», «Савти Гиря» аз ҷумлаи оҳангу таронаҳои халқию классикии тоҷик мебошанд, ки дар алҳони инфиолия эҷод шудаанд. 3) Алҳони мулазза, тарона ва сурудҳои дилнишин, ки дар матн ва оҳанги онҳо зебоиҳои олам бо ифодаҳои дилкаши мусиқӣ тасвир шуда, ба шунаванда лаззати эстетикӣ мебахшанд; 4) Алҳони муҳайила, таронаҳое, ки ба шунаванда таъсири амиқи рӯҳӣ мерасонанд. Дар ин гуна асарҳои мусиқӣ тасвири романтикии табиат, наботот, ҳайвонот ва ғайра ифода ёфтаанд. «Сувора», «Чӯпонӣ», «Зоғ», «Сорбон», «Ракаб», «Кӯҳистонӣ», «Сарахбори кӯҳистон», «Роки Дарвоз», «Дар чаман», «Мавҷи Сурхоб», «Хироми кабк» барин таронаву оҳангҳои классикию халқии тоҷикӣ намунаҳои алҳони муҳайила мебошанд; 5) Алҳонихаттия (таронавӣ), асари мусиқиест, ки дар қисмати овозии он оҳангнокӣ мавқеи асосӣ дорад; 6) Алҳониҷирмия, асари мусиқиест, ки нағма ва усули доиравии он (зарб, вазн, усул) бо матн мутаносибан иҷро мешаванд. Дар истилоҳоти мусиқии имрӯза алҳони ҷирмия ба мусиқии вокалӣ (овозӣ) наздик аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дарвешалии Чангӣ, Тӯҳфат-ус-сурур, Р. 149, ИВАН Узб. ССР., Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алҳон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.