Алӣ Вазириён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алӣ Вазириён
وزیریان علی
Санаи таваллуд:

1962(1962)

Зодгоҳ:

Теҳрон

Шаҳрвандӣ:

 Эрон

Жанр:

наққош, график

Алӣ Вазириён (форсӣ: وزیریان علی ‎) (таваллуд 1962, Теҳрон) — график ва наққоши эронӣ. Осораш аз тарроҳии плакатҳо, муқоваи китоб, маҷалла ва ороиши китоб иборат аст. Ҳунари наққоширо дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон такмил кардааст. Нашрияҳои ҳунарҳои меъморӣ (1994–95) ва наққошӣ (1992–1997)-ро бунёд ниҳода, сарпарастии онҳоро ба уҳда гирифт. Осорашро дар намоишгоҳҳои Эрон ва хориҷи кишвар, аз ҷумла намоишгоҳҳои наққошӣ (1992 ва 1998) ва намоишгоҳи тарроҳони графика (2000) дар Осорхонаи ҳунарҳои муосири Теҳрон ба намоиш гузоштааст. Соҳиби чанд ҷоиза гардидааст, ки лавҳи тилоӣ ва дипломи ифтихор, медали ёдбуди бунёди ҳунар ва адабиёти дифои муқаддас (1990), ифтихорнома ва ҳайкалчаи севумин намоиши тарроҳони графика барои тарроҳии беҳтарин (1993) аз ҷумлаи онҳоянд. Маҷмӯаи корҳои графикиаш нахустин бор соли 1991 ва муҷалладе аз плакатҳояш соли 2004 чоп шуданд.

Сарчашма[вироиш]