Jump to content

Ал-Ваҷизу фӣ-л-фурӯъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«ал-Ваҷизу фӣ-л-фурӯъ» (ар. الوجيز فی الفروع‎), «ал-Ваҷиз» — яке аз китобҳои муътабар ва асосӣ дар фиқҳи шофеӣ буда, ба қавли имом Нававӣ яке аз панҷ китоби дар мазҳаби шофеӣ машҳур ва аз ҳама беш мутолаашаванда мебошад; таълифи Муҳаммади Ғаззолӣ.

Китоб ба забони арабӣ таълиф шуда, фуқаҳои шофеӣ дар замонҳои гуногун бар он шарҳҳои зиёде навиштаанд, ки адади онҳо ба қавли фақеҳи шофеӣ ас-Силфонӣ ба ҳафтод мерасидааст. Ҳамчунин чанд шакли мухтасари он низ мавҷуд будааст. Имом Абдулазиз ибни Аҳмади Дайрӣ (фавт 1295 м.) ва Мусо ибни Алии Розӣ (фавт 1330 м.) матни «ал-Ваҷиз»-ро ба назм даровардаанд. Мақому манзалати «Ваҷиз» дар назди шофеиҳо ба андозае баланд будааст, ки баъзеҳо гуфтаанд: «Агар Ғаззолӣ пайғамбар мебуд, ба таҳқиқ, муъҷизаи ӯ ҳамин китоби „Ваҷиз“ мебуд».