Jump to content

Абубакри Караҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ал-Караҷӣ)
Абубакри Караҷӣ
форсӣ: ابوبکر محمد بن حسین کرجی
Таърихи таваллуд 13 апрел 953[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1029[2][1]
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт, обшиносӣ, ҷабр, нуҷум
Маъруф ба риёзидон, обшинос
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фахруддин Абубакр Муҳаммад ибни Ҳусайни Караҷӣ (форсӣ: ابوبکر محمد بن حسین کرجی‎, англ. Abū Bakr ibn Muhammad ibn al Husayn al-Karajī (or al-Karkhī), 9531029) — риёзидон ва обшиноси эронӣ[3].

Ҳамдавраи Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва Ибни Сино будааст, аммо касе ӯро ба андозаи ин се тан намешиносад. Дастовардҳои илмии ӯ то чанде пеш ношинохта буд, то ин ки дар соли 1853, шарқшиноси олмонӣ Фронтс Вупка бахше аз китоби «Алфахрӣ»-и ӯро ба забони фаронсавӣ ва ҳамроҳ бо таҳлиле мунташир сохт. Фронтс Вупка дар китоби худ собит кард, ки бахши азиме аз корҳои Фибуночӣ аз риёзидонҳои мусулмон ва ба хусус Караҷӣ ахз шудааст.

Караҷӣ дар илми ҳисоб ва ҷабр дорои таҳқиқоту навиштаҳои муҳимме аст. Вай дар поягузории усулӣ дар ҷабр, решаёбии ададҳо ва ҳалли муодилот нақши муҳиммеро дар таърихи илми ҷаҳон дорост. Дар заминаи улуми корбурдӣ ва муҳандисӣ низ Караҷӣ соҳиби назариёти нав ва навиштаҳои арзандае мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Караҷӣ дар садаи чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ мезист. Ӯ бар бунён ва асоси риштаҳои риёзӣ чирагӣ ёфт, дар оғози садаи панҷум ба пойтахти илмии ҷаҳони ислом, Бағдод рафт. Ба хубӣ ошкор нест, ки Караҷӣ то чӣ замоне дар Бағдод ба сар мебурдааст. Аммо гӯё пас аз қатли вазири Бағдод (Фахрулмулк), ки пуштибони Караҷӣ ба шумор мерафт, ин шаҳрро ҳаросон раҳо карда ва ба зодгоҳи худ (Караҷ) бозгаштааст (403 ҳиҷрӣ ё пеш аз он).

Дар онҷо бинобар дастури Абуғоним Маъруф Ибни Муҳаммад вазиру дабири вежаи Манучеҳр ибни Қобус ва шоиру адиби фарҳехтаи эронӣ дар бораи «Обҳои дарунии замин ва равиши берун овардани онҳо» гуфтореро менигорад, ки фароянди он пажӯҳиши корбурдӣ ва бузургтарин шоҳкори Караҷӣ аст. Ҳосили он китоб «Анботу-л-миёъи-л-хуфия» аст.

Вафоти ӯ дар соли 420 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1029 мелодӣ (32 сол пеш аз Абурайҳони Берунӣ) рӯй дод.

Муаллифи рисолаҳои «Китобу-л-кофӣ фӣ-л-ҳисоб», «Китобу-л-ҷабр ва-л-муқобала ва ҳува маъруф би-л-фахрӣ» (номи мухтасараш «Ал-фахрӣ» буда, тақрибан соли 1010 навишта шудааст). Китоби аввал аз 70 боб иборат аст. 43 боби он ба ҳисоб, бобҳои 44 — 53 ба ҳандаса, бобҳои 54 — 70 ба алҷабр бахшида шудаанд. Абубакри Караҷӣ рисолаҳои Абукомили Мисрӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва «Арифметика»-и Диофантро мукаммал омӯхта, дар «Ал-фахрӣ» илми риёзии замонаашро такмил додааст. Қисми тарҷумаи фаронсавии ин рисола дар Порис маҳфуз аст. Аз Абубакри Караҷӣ ғайр аз асарҳои дар боло номбаршуда осори гаронбаҳое боқӣ мондааст, ки «Мухтасар фи-л-ҳисоб ва-л-масоҳат», «Ҳисоб-ул-ҳинд» ва ғайра аз қабили онҳоянд. Рисолаҳои Абубакри Караҷӣ дар таърихи инкишофи илми риёзии Шарқ роли муҳим бозидаанд ва ба тараққии риёзӣ дар Аврупо таъсири ҷиддӣ расонданд[4].

  1. 1.0 1.1 1.2 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  2. https://pantheon.world/profile/person/Al-Karaji
  3. Selin, Helaine (2008). Encyclopaedia of the history of science, technology, and medicine in non-western cultures. Berlin New York: Springer. p. 131. ISBN 9781402049606. Al-Karajī Abū Bakr Muhammad was a Persian mathematician and engineer. 
  4. Абубакри Қароҷӣ / А. Комилӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.