Ал-ашбоҳ ва-н-назоир
Унсури холии Викидода |
«Ал-ашбоҳ ва-н-назоир» (ар. الاشباه والنظایر) — асари фақеҳи ҳанафӣ Зайнуддин ибни Иброҳим, маъруф ба ибни Нуҷайми Мисрӣ (вафот 1562-63) дар фиқҳи ҳанафӣ. Ба забони арабӣ таълиф шудааст.
Сохт
[вироиш | вироиши манбаъ]«Ал-ашбоҳ ва-н-нозир» аз рӯйи сохт ва табақабандии матолиб дар фиқҳи ҳанафӣ бесобиқа буда, дар он аввалин бор қоидаҳои фиқҳӣ ба шакли ҷомеъ фароҳам оварда шудааст. Он аз муқаддима ва ҳафт фан (боб) иборат аст: Фанни аввал дар баёни маърифати қоидаҳо, ки ба ҳақиқат онҳо усули фиқҳ мебошанд; фанни дувум дар баёни зобитаҳое, ки он барои мударрис, муфтӣ ва қозӣ аз ҳама бештар суд дорад; фанни севвум дар баёни ҷамъ ва фарқ (ин фан нотамом монда, онро баъдан бародари муаллиф Умар ибни Иброҳим (вафот 1005) такмил додааст; фанни чаҳорум дар баёни луғазҳои фиқҳӣ; фанни панҷум дар баёни ҳилаҳои шаръӣ; фанни шашум дар баёни ашбоҳ ва назоир (чизҳои мушобеҳ ва назири якдигар); фанни ҳафтум дар баёни он чи дар бораи Имоми Аъзам, ҳар ду ёронаш ва машоих ҳикоят кардаанд. Таълифи китоб 3 марти 1562 анҷом ёфтааст. Қисми аз ҳама муҳимми «Ал-ашбоҳ ва-н-нозир» ҳамон фаннест, ки ба зикри қоидаҳои фиқҳӣ бахшида шудааст. «Ал-ашбоҳ ва-н-нозир» бори аввал дар Калкутта (1825) ва минбаъд дар Қоҳираву Бейрут борҳо ба табъ расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- حاجی خلیفة. کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱، بیروت، ۲۰۰۷.
- الشیخ زین العابدین بن ابراهیم بن نجیم. الاشباه و النظائر علی مذهب ابی هنیفه النعمان. تحقیق عبدالکریم الفضیلی. صیدا- بیروت ۲۰۰۳
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.