Ал-Ҷавдия
«Ал-Ҷавдия» (арабӣ: الجوديه) — («Некӣ ва нек шудан»), асари тиббии Абуалӣ ибни Сино.
Маълумотнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1005 – 10 ба забони форсӣ таълиф шудааст. Дар муқаддимаи рисола омада: «…Бидон, ки ҷамеи иллатҳо аз хӯрдани бисёру гуфтани бисёр ва хуфтани бисёру муҷомиати бисёр падид ояд. Аз хӯрдани бисёр меъда табоҳ шавад, ҷигар заиф шавад, дарди шикаму гурда падид ояд, ногувориш ва бодҳои зишту тухма ва сустии аъзо бувад. Аз хоби бисёр зардии рӯй ва гаронии тан бошад, мағз тиҳӣ гардад, чашм биомосад, савдо ғолиб шавад. Аз бисёр гуфтан дарди сар ва шақиқа бувад ва ҳарорати сафро ва зиёдатии ранҷ ва ба охири умр иллатҳои саъб ориз гардад. Аз муҷомиат кардани бисёр гурда заиф шавад, тан лоғар гардад, чашм торик ва мағз хушк шавад ва лаззати шаҳват дарнаёбад, рӯяш зуд сафед шавад, пӯсти бадан дурушт гардад». «Алҷабр-ва-л-муқобала» аз 8 боб иборат буда, илоҷи баъзе бемориҳои чашм (пурхунӣ, тухмак, илтиҳоб ва об рафтани чашм, шабкӯрӣ, рехтани мижа), дандону даҳон (дард ва хунравии дандон, бӯи нофорам ва об рафтан аз даҳон ва ғайра), меъда, рафъи қай, кирми меъда, қуланҷ, дарди нофу зиҳор, калаф, таб, хориши андом, моргазида, мӯйрезӣ, берун омадани мақъад, дармони бавосир, омос, дарди хоя, сустии қувваи боҳ, истисқо, қатъ ва ифроти ҳайзи занон, нозоӣ, сусткамарӣ, камширии пистон, усулҳои маҳв намудан ва ё хӯсондани ҳашарот (магас, кайк, мӯрча ва ғайра), ҷонварҳои газанда (мор, каждум) ва лавозимоти пардози бадан сухан меравад. Муаллиф барои табобати бемориҳои номбурда ҳар гуна наботот ва меваю сабзавот, моддаҳои ғизоӣ, химиявӣ ва органикиро тавсия медиҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.