Jump to content

Амаду Жоржи

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амаду Жоржи
Жоржи Леал Амаду ди Фария
Таърихи таваллуд: 10 август 1912(1912-08-10)[1][2][3][…]
Зодгоҳ: Баия, Бразилия
Таърихи даргузашт: 6 август 2001(2001-08-06)[1][2][4][…] (88 сол)
Маҳалли даргузашт: Шаблон:МС, Баия, Бразилия
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, шоир, румоннавис, сиёсатмадор
Солҳои эҷод: аз 1931
Жанр: Роман
Забони осор: Забони португалии Бразилӣ[2][3] ва португалӣ[6][7]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
jorgeamado.com.br
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Амаду Жоржи (порт. - бразилӣ Jorge Leal Amado de Fariа; 10 августи соли 1912, — 6 августи соли 2001) — нависандаи Бразилия, узви Академияи адабии Бразилия (1961).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намояндаи насли нависандагоне, ки онҳоро мӯъҷизакорони Америкаи Лотинӣ меноманд. Чун ходими фаъоли ҷамъиятӣ маъруф буд. Барои иштирок дар муборизаи милли-озодихоҳӣ ба ҳабс гирифта шуда, якчанд сол берун аз кишвараш дар муҳоҷират зиндагӣ кардааст (дар Франсия, Чехословакия).

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба кори эҷодӣ аз 14-солагӣ шурӯъ, намуд. Дар романҳои нахустинаш «Кишвари карнавалҳо» (1932), «Жубиаба» (1935), «Баҳри мурда» (1936), «Капитанҳои регзор» (1937) аз зиндагӣ ва рӯзгори мардуми нодору камбизоат сухан меравад. Соли 1942 романи тарҷумаиҳолиаш «Ҳаёти Луис Карлос Престес» ба табъ расид.

Аз соли 1952 Амаду пурра ба эҷоди осори адаби-бадеӣ пардохт. Ин давраи эҷодиёти ӯро муҳаққиқон рӯ овардан ба «реализми сеҳрнок» номидаанд. Маҳсули ин давра романҳои «Габриэла, гул ва дорчин» (1958), «Дона Флор ва ду шавҳари ӯ» (1966), «Хазинаи мӯъҷизаҳо» (1963), «Муҳосира» (1984), повестҳои «Баҳрнавардони куҳан» (1961), «Рӯҳониёни шаб» (1964) ва ғайра мебошанд.

Амаду бо истифода аз унсурҳои эҷодиёти даҳанакии халқ, тахайюлоти бадеӣ тарзҳои хоси табиати озодидӯстии халқашро ифода кардааст. Китобҳои Амаду ба 50 забони гуногуни дунё тарҷума шудаанд.

Амаду узви Шӯрои Умумиҷахонии Сулҳ буд ва ба Ҷоизаи байналхалқии ленинии «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» мушарраф гардидааст.

  • Ж. Амаду: Биобиблиографический указатель, М., 1965.