Амилоидоз
Амилоидоз | |
![]() | |
МКБ-10 |
E85. |
---|---|
OMIM | |
DiseasesDB | |
eMedicine | |
MeSH |
Амилоидóз — бемориест, ки дар натиҷаи дар бофтаҳои гуногуни организм таҳшин шудани сафедаҳо – амилоидҳо рух медиҳад.
Амилоидозҳоеро, ки ба бофтаҳои тамоми организм таъсир мерасонанд, амилоидозҳои мунташир меноманд. Онҳо метавонанд ба ҳама узвҳои одам таъсири номатлуб расонанд. амилоидозҳо дар натиҷаи бемориҳои дигар, мас., миеломаҳо, амрози сироятии музмин (сил, остеомиелит ва ғ.), бемориҳои илтиҳобии музмин (артрити тарбодшакл, спондилит ва ғ.) низ ба вуҷуд меоянд. Амилоидоз якумин, дуюмин, оилавӣ ва ғ. мешавад. амилоидози якумин дар натиҷаи ба миқдори зиёд иммуноглобулин (ҳуҷайраҳои плазмавӣ) ҳосил кардани ҳуҷайраҳои мағзи устухон инкишоф меёбад. Он мумкин аст якҷоя бо саратони ҳуҷайраҳои мағзи устухон низ падид ояд. амилоидози дуюмин бештар мушоҳида мешавад. Сабаби чунин шакли амилоидоз пӯсиш ё зардоб гирифтани бофтаҳо (мас., ҳангоми бронхоэктазҳо, сили шуш, устухон, остеомиелити музмин ва ғ.) аст. Дар мавриди амилоидози дуюмин асосан гурдаҳо, сипурз, ҷигар, ғадуди болои гурда осеб меёбанд. амилоидози оилавӣ бемории ирсӣ буда, хеле кам ба назар мерасад.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи иммунология мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. |