Амирзода Ориф Ҳамид
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 13 январ 1972 (52 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Ноҳияи Ҷомӣ , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, КВД “Обу корези Душанбе”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Амирзода Ориф Ҳамид — эколог, олим, доктори илмҳои техникӣ (2022)[1], дотсент. Дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амирзода Ориф Ҳамид 13 январи соли 1972 дар ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ (аз рӯи ихтисоси “Обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳо”) хатм кардааст.
- Солҳои 1995-1999 – Ассистенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 1999-2003 – Муаллими калони кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2003-2006 – Иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2006-2007 – Декани факултети «Технологияи кимиёвӣ ва металлургия» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2007-2013 – Декани факултети «Сохтмон ва меъморӣ» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳи 2013-2017 – Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2017-2020 – Мудири Шӯъбаи идоракунии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар назди КВД “Обу корези Душанбе”.
- Аз 01.05. 2020 то 13.08.2020 – Мудири Лабораторияи “Экология ва рушди устувор”- и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
- Аз 13.08.2020 с. то инҷониб – Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13 - уми августи соли 2020 таҳти №447 дар вазифаи Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад.[2].
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъватҳои панҷум (2015-2020) ва шашум (2020-2025). Аз соли 1999 то инҷониб аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон.[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!(тоҷ.). ttu.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Амирзода Ориф Ҳамид Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(тоҷ.). imoge.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Амирзода Ориф Ҳамид Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(тоҷ.). imoge.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд.