Амириброҳими Қонунӣ
Зодгоҳ | Ҳисор |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1545 |
Маҳалли даргузашт | Ҳирот |
Амириброҳими Қонунӣ (?, Ҳисор — 1545, Ҳирот) — навозанда, сароянда ва мусиқидони тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Асосҳои амалии шеъру мусиқиро дар Ҳирот аз фозилони давр Шаҳобуддини Абдуллоҳи Баёнӣ, Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон омӯхтааст.
Навозандагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амириброҳими Қонунӣ дар навохтани созҳо ва санъати иҷрокунандагӣ сабк ва равияи хуросониро бо мовароуннаҳрӣ омезиш дода, алалхусус, дар навохтани қонун тағйироти нави иҷрокунандагиро ворид намудааст. Ӯ барои сози мазкур ба зарбу усули аксари мақомҳои «Дувоздаҳмақом» дар шаклу навъҳои «Пешрав», «Амал», «Тарона», «Қавл», «Саҷъ», «Рехта», «Кор», «Савт», «Нақш» дар асоси мақомҳои «Наво», «Ироқ», «Исфаҳон», «Бузург» асарҳо тасниф кардааст. Асарҳои ӯ «Савти Қонунӣ», «Пешрави Хубон», «Нақши ҳилол», «Рехтаи Ҳисор», «Қавли дилрабо» (бар мизони усулҳои «Барафшон», «Даври равон», «Уфар», «Шодиёна») дар ҳаёти мусиқии Ҳирот шуҳрати зиёд доштанд.
Хаттотӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хаттотӣ, лаввоҳӣ, ҷадвалкашӣ ва ороиши китоб низ маҳорат дошт. Ғазалро некӯ мегуфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амириброҳими Қонунӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷикон дар асрҳои XII—XV Д., 1989;
- ҳамон муал., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII, Д., 2007.