Jump to content

Амири ҳарас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амири ҳарас — яке аз мансабҳои муҳим ва вазифаи пурмасъули давлатӣ дар дарбори Сомониён.

Амири ҳарас фармондеҳи гурӯҳи муҳофизони амирони сомонӣ буд ва аз байни ғуломони имтиҳоншуда ва содиқи турк интихоб мегардид. Вазифаи асосиву аслии амири ҳарас таҳти итоати қатъии худ нигоҳ доштани дастаи муҳофизон ва ҳифозат намудани ҳаёти шахсии амирони сомонӣ буд. Мутобиқи иттилои Низомулмулк дар Дарбори Сомониён тартибу низоми хосе ҷиҳати омода кардани ғуломони муҳофиз ҷорӣ будааст ва ғуломонро ба андозаи дараҷаву собиқаи хидмат ва шоиста буданашон батадриҷ зина ба зина вазифа медоданду қадрдонӣ мекарданд. Доштани либоси занданиҷӣ, асп бо зину лаҷоми мурассаъ, шамшер, камону тирдон, дабус (гурз) ва амсоли инҳо аломати собиқаи хадамот ва доштани эътибори ғулом дар Дарбор буд. Танҳо баъди ин – яъне шаш ҳафт соли хидмати хуби содиқона ғулом метавонист соҳиби вазифаҳои маъмулӣ дар Дарбор гардад. Аввал соқигию обдорӣ (обдиҳӣ) ва сипас соли ҳафтум ҷомадорӣ мекард. Соли ҳаштум хаймаи шонздаҳмехӣ ва 3 ғуломи навхарид ба ӯ медоданд ва ӯ васоқбошӣ унвон мегирифт, кулоҳи намадини симкашидаву қабои канзӣ (либоси қиматбаҳо аз хазинаи шоҳӣ) ба ӯ мепӯшонданд ва ҳар сол мартабаи ӯ меафзуд, то хайлтош (ҳамгурӯҳ, ҳамқадам) мешуд ва агар шуҷоату ҳунару шоистагии ӯ меафзуд, ба ҳоҷибӣ (пардадорӣ) мерасид ва пас аз 40-солагӣ ӯро амирӣ медоданд ё ҳокими вилояте таъйин мекарданд. Баъзе аз ҳамин ғуломони ба мартабаву мансабрасида барояшон ғулом мехариданд, мисли Алптекин, ки ҳангоми аз Хуросон сӯи Ғазна рафтан бо худ 1700 ғулом дошт.

Дар манбаъҳо ва маъхазҳои таърихӣ оид ба садоқату ҷонбозиҳои амирони ҳарас маълумоти фаровоне мавҷуд аст. Амирони сомонӣ хидмат ва вафодории амири ҳарасро хуб қадрдонӣ мекарданд, чунончи Исмоили Сомонӣ барои ғуломаш Симои Кабир дар Ҷӯйи Мӯлиёни Бухоро хона ва бӯстонсаро бино карда буд. Бархе аз ғуломони Дарбор дар охирҳои рӯзгори Сомониён пас аз ба мансабҳо расида дорам шудан, даст ба дасиса, фитна ва исёнҳо зада, мӯҷиби таназзули Давлатдории Сомониён гардиданд.

  • Низомулмулк, Сиёсатнома, Д., 1989;
  • Бойматов Л., Амири ҳарас II, Донишномаи Рӯдакӣ, ҷ. 1, Д., 2009;
  • Ш., Государство и право Саманидов, Д., 1999.