Jump to content

Амирмастии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амирмастии Ҳиравӣ
Таърихи даргузашт 1514(1514)
Маҳалли даргузашт Ҳирот
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Амирмастии Ҳиравӣ (? - 1514, Бухоро) — сароянда ва навозандаи тоҷику форс.

Зодгоҳаш Ҳирот. Амирмастии Ҳиравӣ санъати мусиқиро дар Ҳирот фаро гирифтааст. Овози хеле форам доштааст. Чанде дар ҳузури Абдурраҳмони Ҷомӣ дарси мусиқӣ гирифта, таснифоти «Нақши имомӣ»-ро аз худи ӯ омӯхтааст. Ӯ дар навохтани уд, танбӯр, рубоб ва махсусан қобуз маҳорати баланд дошта, бо номи Амирмастии Қобузӣ ҳам маъруф будааст. Амирмастии Ҳиравӣ ба Бухоро омада, ба чандин ҳунармандон ҳунари созандагиро ёд додааст. Маҳмуди Насафӣ, Ҳофизи Турдӣ, Қосими Баззоз ва дигарон шогирдони Амирмастии Ҳиравӣ мебошанд. Амирмастии Ҳиравӣ чанд асари мусиқӣ дар мақоми «Ироқ», «Дугоҳ», «Исфаҳон», «Бузург», «Рост» ва ғ. тасниф кардааст.

  • Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV, Д., 1989;
  • Раҷабов А., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI – XVII, Д., 2007.